Чанде пеш дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд.
Дар он кишоварзони вилояти Суғд сабзавот, мевагӣ, ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзиро ба маъраз гузоштанд.
Сокинону меҳмонони шаҳри Остона аз тамошои чунин зебоӣ хушҳол гардида, ба деҳқонони вилояти Суғд миннатдорӣ намуданд.
Барои сокинони шаҳри Остона дар даҳҳо кат ва суҳбаткатҳои бо санъати хеле баланд кандакоришудаи устоҳои чирадасти шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дастархони пурнозу неъмат ороста шуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби ошпазҳои чирадасти шаҳри Хуҷанд дар як деги 1 — тоннагӣ оши палав пухта шуд.
Ҳамчунин, маҳсули ҳунарҳои қадимаи миллӣ: гаҷкорӣ, кошинкорӣ, атласу адрас, қолин, кулолгарӣ, кандакорӣ, кордсозӣ, наққошӣ, кундалнигорӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, созтарошӣ, ки дар ин намоишгоҳ муаррифӣ шуд, писанди сокинону меҳмонони шаҳри Остона гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар мусоҳиба бо хабарнигори телевизони марказии Ҷумҳурии Қазоқистон изҳор намуд, ки «роҳандозии тадбири мазкур барои ҳарду ҷониб муҳиму манфиатовар аст, зеро бо таъсиси чунин намоишгоҳҳои сатҳи баланд ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ тақвият ёфта, дар бозор рақобати солим ба вуҷуд хоҳад омад. Ҳамчунин, мардуми ду мамлакат бо расму оин ва анъанаҳои миллии ҳамдигар ошно гардида, дар фазои дӯстию бародарӣ рафтуомад хоҳанд кард...»
Дар доираи ин иқдом аҳли санъат бо пешниҳоди барномаи консертӣ ва саҳнаҳои театркунонидашуда, ки дӯстию рафоқати ду халқро таҷассум мекард, табъи сокинону меҳмонони шаҳри Остонаро болида намуданд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»