Файзобод. Муроҷиати шаҳрвандон дар маркази таваҷҷуҳ

№104 (4844) 28.08.2024

ФайзабадДар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод рӯзи қабули шаҳрвандон аз субҳ то нисфирӯзӣ идома меёбад. Чанде пеш шоҳиди қабули раиси ноҳия Мансур Каримзода шудем. Ӯ то оғози қабули навбатӣ аз масъу­лин иҷрои супоришҳоро оид ба муроҷиати шаҳрвандон, ки як ҳафта пеш дода буд, талаб кард. Муовини раиси ноҳия Махфират Рашидзода муроҷиаткунандагонро аз қайд гузаронида, дар навбати аввал шаҳрвандони имконияташон маҳдуд, модарон ва пиронсолон пазироӣ шуданд.

Он рӯз арзу шикоят ва пешниҳоди 18 нафар шунида, 60 фоизи онҳо қонеъ шуданд. Аз ҷумла, доир ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ — 2, вобастакунии замин — 2, кумаки молиявӣ — 4, барои масолеҳи сохтмонӣ ва қабули иншооти сохташуда — 5, масъалаҳои марбут ба роҳ — 2, баҳси оилавӣ оиди ҷудо намудани ҳисса — 2 ва ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматӣ 1 нафар муроҷиат намуданд.

 Бархе аз шаҳрвандон доир ба ободу зебо гардонидани маҳали зист, беҳтар намудани ҳолати санитарӣ-эпидемиологӣ, таъмини аҳолии маҳаллаҳои навбунёд бо об, беҳтаргардонии ҳолати соҳили дарёи Элок пешниҳодҳояшонро баён карданд.

 Дар фарҷом Мансур Каримзода зикр кард, ки яке аз самтҳои асосии фаъолият эътибори ҷиддӣ додан ба муроҷиати шаҳрвандон мебошад. Мақомоти иҷ­роияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ғайр аз қабули шаҳрвандон дар рӯзи шанбе, ҳар ҳафта дар яке аз ҷамоатҳо қабули сайёрро ба роҳ мондааст. Дар рӯзи муайяншуда раиси ноҳия бо гурӯҳи корӣ ба назди мардум рафта, арзу шикоят ва пешниҳоди онҳоро мешунавад ва барои иҷрои он ба шахсони мутасаддӣ дастуру супориш медиҳад, зеро анҷоми ин амалро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд.

WhatsApp Image 2024-08-27 at 11.01.46- Беэътиноӣ нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон, вайрон намудани муҳлати иҷрои талабу дархости онҳо ҳоло ҳам ба мушоҳида мерасад. Биноан, масъаларо зери назорат гирифта, барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта чораҳо меандешем, — гуфт Мансур Каримзода.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»