Рашт. Омодагӣ ба зимистон ҳамаҷониба аст

№104 (4844) 28.08.2024

b3b9d39abb987876582e5e86678d1fef_XLБо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» дар ноҳияи Рашт то ин вақт 250 тонна орд, 10 тонна шакар, 5 тонна биринҷ, 25 тонна равғани растанӣ ва 30 тонна сӯзишворӣ захира шудааст.

Талаботи аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия ба ангишт 42366 тонна ва ҳезум 31392 м3 мебошад. Ҳоло 21 нуқтаи фурӯши ангиштсанг, 22 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 17 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъолият менамояд, ки барои таъмини аҳолии ноҳия басанда мебошад.Талаботи аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия бо ангиштсанг аз ҷониби ҶСК «Ангишти Камароб» таъмин шуда, дар корхонаи мазкур захираи кофӣ мавҷуд аст.

Аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳия захираи 1040 м3 маводи зиддилағжиш ба нақша гирифта шуда, 13 техникаю механизм барои таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омодаанд.

Илова бар ин, аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия 2 млн. 322 ҳазор сомонӣ барои хариди маводи сӯхт ва 1 млн. 997 ҳазор сомонӣ барои таъмиру барқарорсозии биноҳо ҷудо мешавад.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»