Бохтар. Корхонаи коркарди партовҳои пластикӣ сохта мешавад

№104 (4844) 28.08.2024

Тавре мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Эмомалӣ Юсуфзода иттилоъ дод, корхонаи мазкур бо харҷи 1 миллион доллари ИМА бунёд шуда, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан бартарафсозии мушкилиҳои марбут ба партов осонтар хоҳад шуд.

- Мутахассисон муддати як моҳ ин масъаларо дар шаҳри Бохтар омӯхта, ҳаҷми партовҳои плас­тикиро низ муайян карданд. Ҳоло лоиҳаи корхона омода буда, баъд аз дарёфти маблағгузор сохтмони он шурӯъ хоҳад шуд, — гуфт Э. Юсуфзода.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»