Ваҳдат. Деҳаҳо симои тоза гирифтанд

№ 02.09.2024

Изображение WhatsApp 2024-09-17 в 13.27.10_51b204f6Мардуми кишвари азизамон дар арафаи таҷлили ду ҷашни бузург — 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ на танҳо дар шаҳру ноҳияҳо, балки дар деҳоти кишварамон низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифта мешавад. Агар қаблан дар маркази шаҳру ноҳияҳо ба пешвози ин ҷашн иншооти гуногуни маъмурию истиқоматии баландошёна, таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ сохта ба истифода дода мешуд, солҳои охир чунин иқдомҳои созандагӣ дар шаҳраку деҳоти кишварамон ба ҳукми анъана даромадааст. Деҳоти шаҳри Ваҳдат аз ин ҷумлаанд. Аз ҷумла, дар деҳоти Чӯянгарони ноҳия ободониву созандагӣ шоистаи таҳсин аст. Дар арафаи таҷлили Ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо раиси ҷамоати Чӯянгарон Баҳриддин Мирзоев ҳамсуҳбат шудем. Бо хоҳиши ӯ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ дар деҳаҳои ҷамоат ошно гардидем.

 - Деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат дар дараи зебоманзари Ромит воқеъ буда, аз 13 деҳа ва 24 маҳалла иборат мебошад. Дар ҳудуди он ҳашт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, се маркази саломатии деҳот, панҷ бунгоҳи тиббӣ, як хонаи маданият, як клуби деҳот ва 14 истироҳатгоҳи фароғатию табобатӣ фаъолият мекунад.  Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии раиси шаҳр ва ташаббуси соҳибкорону сокинони деҳоти мазкур он дар давоми ду-се соли охир ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Изображение WhatsApp 2024-09-17 в 13.27.10_55578a16- Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди 65 иншооти гуногун ба нақша гирифта, дар давоми солҳои 2022-2023 ва ҳашт моҳи соли равон 43 иншоот омода ва 37-тои он пурра ба истифода дода шуд. Айни ҳол шаш иншоот дар арафаи анҷомёбист ва то ҷашн мавриди истифода қарор дода мешавад, — иттилоъ дод раиси ҷамоат.  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81, воқеъ дар деҳаи Гулзор, пули мошингузари деҳаи Шоразми боло, маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Лиҷак, тарабхона дар деҳаи Чӯянгарон, корхонаи оҳану дуредгарӣ дар деҳаи Шоразми боло ва ду нуқтаи оби нӯшокӣ дар деҳаи Холдараи поён   аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Сохтмону таъмири онҳо бо қувваи сокинон, соҳибкорони маҳаллӣ ва маблағгузории фарзандони деҳоти мазкур анҷом меёбад. Дар қатори иншооти номбурда боз чанд иншооти дигарро илова кардем. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №146, воқеъ дар деҳаи Хордараи поён, МТМУ №10-и деҳаи Амоншайхӣ бо қувваи аҳолӣ ва соҳибкорони деҳа панҷ синфхонаи иловагӣ сохта, бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардида, дар синфхонаҳо аёниятҳои дарсии замонавӣ насб карда шуданд. Ҳамчунин, мактабҳои зикршуда бо хати оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардида, дар назди якчанд мактаби дигар, аз ҷумла МТМУ №58-и деҳаи Чорбоғ ва №62-и деҳаи Шаҳдрез,  сохтмони бинои дуошёна ва синфхонаҳои иловагӣ идома доранд, ки дар моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр ба истифода дода мешаванд.

 Дар баробари сохтмони мактабҳо ва синфхонаҳои иловагӣ дар ҳудуди деҳот бунёду  таъмир ва навсозии марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳуҷраҳои хизматрасонии тиббӣ ва атрофи бинои маркази саломатии деҳаҳои Чорбоғ, Амоншайхӣ, Лиҷак ва бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои дурдасти он низ таъмир шуданд. Беш аз ҳаштуним километр роҳҳои байни деҳаҳои ҳудуди деҳот сангфарш, 2,5 киллометр асфалтпӯш ва дар ду шафати роҳ ҷӯйборҳои обпарто сохтанд. Ҳамчунин, давоми соли равон дар қатори иншооти ҷашнӣ боз чанд иншооти дигар, ки аз селборонҳои рӯзҳои 27-28 августи соли 2023 зарари ҷиддӣ дида буданд, барқарор гардид. Аз ҷумла, 4 пули калони мошингард ва се пули пиёдагузар дар деҳаҳои Шоразми боло ва поён, деҳаи Чорбоғ, Бӯстонсарой, Шаҳдрез, ки деҳаҳоро ба ҳам мепайвандад ва бо харҷи беш аз ду миллиону 700 ҳазор сомонӣ пурра барқарор гардид.

 Чунин иқдомҳои созандагию ободонӣ бомаром идома дошта, ҳамзамон, дар арафаи ҷашн 145 нафар маъюбон ва оилаҳои камбизоат бо маводи ғизоӣ ва фарзандони онҳоро бо либоси мактабӣ ва ҷиҳози зарурии дарсӣ таъмин карда шудааст.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»