Бахтномаи миллат

Маърифати ҳуқуқӣ аз конститутсия сарчашма мегирад

№№ 107 (4847) 04.09.2024

Ramzi-Soli-marifati-hukukiИмсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Ба ин муносибат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.

Дар бунёди ҷомеаи пешрафта, демок­ративу ҳуқуқбунёд, адолатпарвар ва мутамаддин ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳим дорад. Доштани маърифати ҳуқуқӣ бошад, аз донистани Конститутсия ва риоя­ву иҷрои меъёрҳои он сарчашма мегирад.

Конститутсияи даврони соҳиб­истиқлолӣ, ки 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, дар таърихи давлатдории тоҷикон барои барқарор намудани сулҳу оромӣ, пойдории ҳокимияти конс­титутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Лоиҳаи ин ҳуҷҷати муҳими таърихию сиёсӣ аз ҷониби комиссияи конститутсионӣ, ки дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, омода ва ба баррасии умумихалқӣ пешниҳод шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар қабули Конс­титутсияи ҷавобгӯ ба ормонҳои миллӣ ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқбунёду мутамаддин нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят муҳим аст. Аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шуданашон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон босароҳат чунин изҳор доштанд: «Шахсан ман ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам!».

Давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва дигар принсипҳои башардӯстӣ идеяҳои нахустини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар лоиҳаи Конститутсия пешбинӣ гардида, аз тарафи мардуми кишвар пазируфта шуданд.

Дар заминаи Конститутсия 17 қонуни конститутсионӣ, 23 кодекс ва зиёда аз 400 қонуни ҷорӣ қабул гардидааст. Дар ин давра кишвар ба 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба ва 51 конвенсия ҳамроҳ шуда, 964 шартнома ва созишномаи байналмилалиро ба имзо расонид.

Мувофиқи моддаи 1-уми Конститутсия: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».

Яке аз унсурҳои асосии давлати ҳуқуқ­бунёд волоияти қонун ва қонунияти ҳуқуқӣ мебошад. Мувофиқи ин принсип фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон тобеи ҳуқуқ, пеш аз ҳама, Конститутсия аст. Конститутсия дар давлати ҳуқуқбунёд арзиши воло дошта, меъёрҳои он ­мустақиман амал мекунанд. Қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсия мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Қонунияти конститутсионӣ ба воситаи Суди конститутсионӣ таъмин мегардад.

Арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ унсури дигари давлати ҳуқуқ­бунёд маҳсуб меёбад. Мувофиқи моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Мувофиқи Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Эҳтирому эътирофи ҳуқуқҳои инсон дар муносибат бо дигар давлату халқҳои ҷаҳон низ дар Конститутсия инъикос гардидааст. Мувофиқи моддаи 11-уми Конститутсия: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳиб­ихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд.».

Яке аз унсури муҳими давлати ҳуқуқ­бунёд ин таҷзияи ҳокимият мебошад, ки ҳокимияти давлатӣ дар асоси он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба сифати мақомоти давлатии мустақил, новобаста аз якдигар ва дар ҳамбастагӣ фаъолият менамоянд.

Дар амалӣ намудани ҳадафҳои олӣ ва рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ низоми дақиқан муайяншудаи мустақил ва беғарази судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ нақши муҳим дорад. Мутобиқи моддаи 17-уми Конститутсия ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. «Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд», — омадааст дар ин санади олӣ.

Назорати судии конститутсионӣ рукни муҳими давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳокимияти судӣ бо мақсади риоя ва ҳифзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ, таъмин намудани волоият ва амали бевоситаи Конститутсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Бе Конститутсияи мукаммал, қонунгузории ҷавобгӯ ба ормонҳои миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ бунёд намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду мутамаддин ғайриимкон мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд. Тавре медонем, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид шудаанд. Тағйиру иловаҳои мазкур боиси боз ҳам мукаммал гардидани ин санади сарнавиштсоз гардид.

Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА,

судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон