Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якуми сентябри соли равон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш аз ҷумла чунин зикр намуданд: «Танҳо илму дониш ва сатҳи баланди маърифат ба шумо қобилияти расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, давлату давлатдорӣ, падару модар, забон, таърих, фарҳанг, расму оинҳо ва дигар арзишҳои бебаҳои миллиро фароҳам месозад».
Ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудани Роҳбари мамлакат ба идома доштани равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳони пур аз тазод вобаста аст. Таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо – омӯзгоронро водор месозад, ки фаъолиятамонро боз ҳам беҳбуд бахшида, барои эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф диҳем. Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат аз аркони бениҳоят муҳими истиқлоли давлатӣ маҳсуб шуда, дар ин раванд такомули инсони солиму донишманд, мутахассиси сатҳи баланд ва ташаббускору бунёдкор аҳамияти хоса дорад. Бинобар ин, тамоми кӯшиш бояд ба он равона гардад, ки огоҳии ҷавонон аз махсусияти суннатҳои воло ва мероси бениҳоят ғании ниёгон тамоюли афзоишро касб карда, ба ин васила, садоқату арҷгузорӣ ба истиқлоли давлатӣ фузунтар гардад.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки марҳилаи бениҳоят ҳассосу сарнавиштсоз маҳсуб мешуд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавӣ тавонистанд кишварро аз вартаи нобудӣ ва миллатро аз маҳвшавӣ эмин нигоҳ доранд. Бояд арҷгузору ифтихорманд бошем, ки ба шарофати ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик бароямон имкони эҳёи давлатдорӣ фароҳам гардид. Минбаъд ин масъулият зиёд гардида, ба зиммаи Сарвари он айём ҷавони мамлакат тадбирандешии бетаъхир баҳри ҳифзи марзу бум, ягонагию иттиҳоди миллӣ, барқарор намудани иқтисодиёти харобгашта, ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаю судманд бо кишварҳои олам ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ вогузор шуд.
Дар шароити кунунӣ мо — омӯзгорон бояд ба насли наврас шарҳу тавзеҳ диҳем, ки дар он айёми пуртазод дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намудани ин вазифаҳо кор саҳлу сода набуда, сиёсати дурандешона, иродаи қавии сиёсӣ ва ҷасорати хосаро тақозо менамуд. Далелу рақамҳое, ки дар суханронии Сарвари давлат баён мегарданд, далели раднопазири онанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми шарифи мамлакат бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои боз ҳам беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон имкону заминаҳо зиёданд. Фаъолияти пурмаҳсули сохторҳои дахлдор шаҳодати он аст, ки баландтар бардоштани сатҳи зиндагӣ дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат авлавият буда, ба рушди оила ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осудаи сокинон таваҷҷуҳ доимӣ ва хоса аст.
Вақте сухан дар бораи истиқлоли давлатӣ меравад, аксарият аз ҷавон будани он ёдовар мешаванд. Ба ин масъала дахл намуда Роҳбари мамлакат барҳақ гуфтаанд: «Ҳарчанд ки истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд. Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад».
Муҳим он аст, ки дар давоми 33 сол, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳо, рушди бемайлони кулли соҳаҳо таъмин гардида, аркони давлатдорӣ тақвият ёфтанд ва нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ таври бесобиқа боло рафт. Мо бояд ифтихорманд бошем, ки ташаббусҳои Роҳбари давлати мо, ки меҳвару ҷавҳари онҳо саодати аҳли башар мебошад, дар сатҳи ҷаҳонӣ бо иттифоқи оро пазируфта мешаванд.
Дар маҷмӯъ, иқтидори мо — сокинони ин сарзамин, пеш аз ҳама, дар ягонагӣ ва ваҳдати шаҳрвандони он зоҳир гардида, дар шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад.
Парвина Сафарова,
омӯзгори МТМУ №94-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе