Истиқлолият- кафолати зиндагии озод

№№ 107 (4847) 04.09.2024

437941705_7307917012670438_1290684945017109075_nИстиқлолият барои ҳар сокини кишвари мо, пеш аз ҳама, имкони зиндагии озодона ва соҳибихтиёрии миллиро фароҳам меорад. Ҳар як сокини мамлакат бояд ифтихор намояд, ки дар қатори садҳо давлати дунё Тоҷикистон низ дар харитаи олам чун кишвари озоду соҳибихтиёр мақоми худро дорад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ кори басо душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст.

Инро мо дар мисоли таърихи навтарини худ дидем. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои шомили он Тоҷикистон низ истиқлолият ба даст овард, вале ҷанги таҳмилие, ки асосан ба хотири аз байн бурдани ин истиқлолият ба гардани мо бор намуданд, ба пора-пора шудани Тоҷикистон ва нестии миллат таҳдид намуд.

Сабаби ин буҳрон, пеш аз ҳама, дар он буд, ки солҳои аввали истиқлолият дар идораи давлат ва сарҷамъ намудани мардум хатоҳои зиёде содир мешуданд ва баъзан ба андешаҳои ғайр, ки аксаран беғаразона набуданд, бовар мекардем.

Дар ҳама давру замон дар идораи давлат ва рушди ҷомеа роҳбарони оқилу доно ва бомаҳорате заруранд, ки ҷомеаро сарҷамъ намуда, дар заминаи ҳофизаи таърихӣ давлатдориро таҳким бахшанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои кишвари мо ва сокинони он ин асолати таърихиро зина ба зина иҷро карда истодаанд.

Дар солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ мардуми мо аз асоситарин маҳсулоти озуқаворӣ, яъне нон, сахт танқисӣ кашида, гирифтори гуруснагии воқеӣ буданд. Имрӯз ин вазъи ноҳинҷор ба афсона табдил ёфтааст. Ҳатто намояндагони насли ҷавон, ки хушбахтона, он солҳоро надида буданд, ба ин бовар намекунанд.

Даврае буд, ки қонун яроқ буд, яъне яроқбадастон чӣ коре мехос­танд, мекарданд. Онҳо на аз қонун ва на аз муҳофизони қонун ҳаросе надоштанд. Баробари таҳкими давлатдорӣ зина ба зина лаҷоми онҳо низ кашида шуд. Чун дар тамоми ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ имрӯз дар Тоҷикистон зиндагии мо, фаъолияти мо дар асоси қонунҳои ҷорӣ ҷараён мегирад. Ба ҳама маълум аст, ки дар паноҳи қонун, бо риояи қонун зиндагӣ ва фаъолият намудан ҳаёти ҳар сокини ҷомеро осону гуворо менамояд. Алҳол тантанаи Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин имконро барои ҳар шаҳрванди кишвар фароҳам овардааст.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат зикр карданд, ки дастоварду пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи кишвар натиҷаи қонунҳои таҳия ва қабулкардаи парламенти мамлакат, фаъолияти меҳварии ҳокимияти судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бобати таъмини волоияти қонун мебошад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.

Имсол сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана қайд менамоянд. Ин ҳуҷҷатест, ки тавассути он ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад. Ба шарафи ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 қайд намудаанд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳими таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад».

Барои ман, ҳамчун корманди соҳаи ҳуқуқ, ин нукта наздиктару рӯшантар аст. Як рукни муҳими дар асоси талаботи олами муосир ва дар равияи тантанаи демократия умр ба сар бурдани мо ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили он ба шумор меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ кабул шуда, се маротиба — солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, китоби мукаммали бахтномаи миллати тоҷик мебошад. Вуҷуд доштани Конситутсия, қувваи олии ҳуқуқӣ доштани он ва риояи ин самари олӣ барои таъмини зиндагии осоишта ва маънову маърифати ҳаёти мардуми мо дар замони муосир хеле зарур аст. Миллати мо миллати қадима ва тамаддунофар мебошад. Мо бояд инро таъкид намоем. Дар Тоҷикистон як нишонаи истиқлоли мо Парчами давлатии мост, ки агар ба сафҳаҳои таърих назар афканем, он аз Дирафши коваёнӣ ибтидо мегирад. Эҳтироми Парчами давлатӣ эҳтиром ва гиромӣ доштани таърихи кишвар ва дӯст доштани ин хоки барои ҳар тоҷик муқаддас аст.

Ҳар чорабинии муҳими фарҳангӣ, ки дар кишвари мо ба тариқи бузургдошти аҳли илм ва адабиёт, ба иди байналмилалӣ табдил ёфтани Ҷашни Наврӯз, ба феҳристи ЮНЕСКО ворид шудани мавзеъҳои таърихии кишвар ва ғайраҳо бузургии миллати моро таъкид намуда, обрӯи моро дар арсаи байналмилалӣ афзун мегардонад.

Мо имсол 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Ин 33 сол дар назди солномаи таърих муддати он қадар мадиде нест, вале дар ин муддат, махсусан баъди Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарвари давлат ва баъдтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвари мо корҳое ба сомон расид, ки ба зиндагии мардуми мо ва ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар таъсироти мукаммал гузошт.

Бунёди роҳҳои стандартӣ ва осон намудани интиқоли молу мавод, ба кор оғоз намудани ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», дар ҳар шаҳру ноҳия таҳия шудани силсилаи чорабиниҳои ободкорӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тадбирҳое ба шумор мераванд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум амалӣ мегарданд. Тадбирҳои то имрӯз дар кишвари мо амалигардида имконият фароҳам оварданд, ки ҷойҳои кории навтаъсис ва даромади пулии аҳолӣ сол то сол зиёд гардад. Далелҳо исбот месозанд, ки таъмини ҳуқуқҳои маънавии мардум, алалхусус ҳуқуқ ба меҳнат ва ҳуқуқ ба зиндагии шоиста, таъмин гарданд. Амалӣ шудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таҳкими ҳадафҳои миллӣ рушди кишвари моро таъмин месозад ва сатҳи зиндагии ҳар сокини онро зина ба зина боз ҳам беҳтар мегардонад. Воқеан, ин аз раванди пешрафти кишвар низ ба хубӣ аён аст.

Мо — тоҷикон мардуми хушбахтем, ки соҳиби истиқлолем. Ин истиқлолият ба тамоми миллати бузурги мо дахл дорад ва ҳама бояд аз он ифтихор намуда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз созем.

Нуриддин РАСУЛЗОДА,

раиси Суди вилояти Хатлон