Истиқлол яке аз муҳимтарин арзишҳои умумибашарӣ аст, ки дар таркиби арзишҳои маънавӣ ва сиёсӣ ҷойгоҳи хос дорад. Шурӯъ аз фард то умумияти иҷтимоӣ дар шакли оила, қабила, қавм ва миллату давлатҳо ҳамеша тамоми неруву кӯшиши хешро ба он равон месозанд, то ба озодиву истиқлол даст ёбанд. Дарку фаҳми озодиву истиқлол дар зинаи баланди маънавӣ ва худшиносии инсон ба амал меояд. Дар ин зина аст, ки инсонҳо мехоҳанд бо тавони хеш сарнавишти худро муайян созанд.
Агар ба маънию моҳияти инсон ва зиндагии инсонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем, хоҳем дарёфт, ки ҳадафи асосии он расидан ба истиқлол аст, зеро ягона омиле, ки инсонро бар дигар анвои зинда мумтоз месозад, бо роҳи хирад дар баробари мушкилот тадбир ҷустани он аст. Ҳамин аст, ки истиқлол бо мафҳуми хирад ва тадбирҷӯйӣ сахт алоқаманданд. Мусаллам аст, ки фардҳо дар олам на дар танҳоӣ, балки дар таркиби умумияти иҷтимоӣ ба сар мебаранд. Яъне, ба ибораи дигар, инсон дар баробари мавҷуди биологӣ будан мавҷуди иҷтимоӣ низ ҳаст ва мушкилоти зистии хешро тавассути ҳамзистии иҷтимоӣ бароварда месозад. Воқеан, ҳамзистии иҷтимоӣ ва манофеи муштарак боис гардидаанд, ки фаҳмиши истиқлолу озодӣ дар умумияти халқӣ ва миллӣ дар шакли давлат- миллатҳо ташаккул ёбад. Умумияти иҷтимоӣ дар зинаи баланди худшиносӣ ҷиҳати созмон додани давлат ба ҳайси ниҳоди асосии идораи иҷтимоӣ талош варзида, барои амалӣ намудани ормонҳои хеш ва дар ҳифзу осоиштагӣ ба сар бурдан онро ба миён овардаанд.
Халқи тоҷик аз куҳантарин мардуми соҳибтамаддуни ҷаҳон буда, барояшон озодию истиқлол аз арзишҳои меҳварӣ маҳсубанд. Ҳисси баланди озодипарастӣ ва истиқлолхоҳии фитрии халқи тоҷик аст, ки ин мардумро ҳамчун «озода» ва ё «озодагон» низ дар таърих ёд мекунанд. Ин халқ дар дарозои таърих ҷиҳати расидан ба озодию истиқлол, ки таъминкунандаи он давлати миллӣ аст, борҳо кӯшиш намуда, ба зумраи халқияте дохил аст, ки нахустин давлати мутамаддини башариро ба миён овардаанд, вале борҳо ба таъсири душманони дохилию берунӣ давлатҳои сохтааш аз байн рафтаанд. Дар таърих давлатҳое, аз қабили давлати Ҳахоманишиён, ба дасти Искандари юнонӣ, давлати Сосониён ба дасти арабҳо, давлати Сомониён ба дасти туркҳо, аз байн рафтаанд, вале иродаи қавию созанда, фарҳанги бузурги тасаллибахшу эҳёгар ӯро боз ҳам зинда нигоҳ медошт, боз талоши шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, илму адабу ирфон мекард. Ба ибораи дигар, тоҷикон дар тӯли таърихи мавҷудият ҳазорон бор ба хатари нобудӣ мувоҷеҳ гардида, бо иродаи қавӣ алайҳи ҳар гуна сиёсатҳои ғосиби замон муборизаи маънавию сиёсӣ бурдаанд.
Суқути Иттиҳоди Шуравӣ имконеро ба миён овард, то ҷумҳуриҳои зертобеи он истиқлоли сиёсиро ба даст оранд. Дар ин асно ҷумҳуриҳои собиқ яке пас аз дигаре истиқлоли давлатии хешро эълон намуда, барои ба даст овардан ва миллӣ кунонидани сарвати аз ИҶШС дар қаламравашон меросмонда талош варзиданд. Эълони чунин рӯз барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 9 сентябри соли 1991 рост омад, ки аз он рӯз инҷониб ба ҳайси Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола таҷлил мешавад.
Истиқлоли сиёсӣ саргаҳи як таҳаввули бузурге барои халқи тоҷик буд. Давлати навине бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд, ки дар зарфи як соли истиқлоли ин кишвар аз тарафи 48 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд. Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика, Дания, Туркия, Япония, Корея, Полша аз нахустин давлатҳое буданд, ки истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, сафорат ва намояндагиҳои дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд.
Қобили зикр аст, ки эълони истиқлоли давлатӣ заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналхалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст, ширкати хешро дар ин созмонҳо ба хотири эҷоди шароити мусоид баҳри рушду таҳкими истиқлол, ҳифзи тамомияти арзӣ, тақвияти давлатдорӣ ва иштирок дар равандҳои умумиҷаҳонӣ ба роҳ андохт. Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 ба СММ, апрели соли 1992 ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, 1 декабри соли 1992 ба Созмони конфронси исломӣ, 18 январи соли 1993 ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, 6 апрели соли 1993 ба ЮНЕСКО ва ғайра шомил гардид, аммо Ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон дере нагузашта дучори буҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ, моддӣ ва маънавии халқ шуда, давлати тозабунёди моро дар вартаи ҳалокат қарор дод. Дар ҳоле ки кишварҳои тоза ба истиқлолрасида дар пайи тақсими мероси аз Иттиҳоди Шуравӣ боқимонда буданд, қувваҳои сияҳкор барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ бо пули бегонагон оташи ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар афрӯхтанд.
Аввалин иқдом барои аз ҳолати вахими сиёсию иҷтимоӣ баровардани кишвар баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Баргузории иҷлосияи Шурои Олӣ дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе имкон надошт, биноан, қувваҳои солимфикри ҷомеа онро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намуданд.
Маҳз, ин иҷлосияи тақдирсоз ва махсусан ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиши наве дар ҳаводиси солҳои аввали истиқлол буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми қудратро дар кишвар вақте ба даст гирифтанд, ки кишвар дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт. Ин абармард ба халқи худ бовар карданд ва халқ ҳам ба ӯ эътимод намуд. Ҳамин боварии қатъӣ ва иродаи устувори сиёсӣ буд, ки мо ба ваҳдати миллӣ ва истиқлоли воқеӣ расидем.
Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ бунёдкорӣ оғоз шуд. Сохтмонҳои азими аҳамияти стратегидошта ба нақша гирифта шуда, татбиқи онҳо шурӯъ гардид. Ҳадафҳои стратегии давлат мушаххас гардид ва дар заминаи онҳо ободкорӣ тавсеа ёфт. Чун Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳистонист, яке аз ҳадафҳои асосии давлат ин аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани ҷумҳурӣ қарор гирифт. Дар чорчӯби ин ҳадаф бунёди нақбҳо, роҳҳои автомобилию оҳан ба нақша гирифта шуда, зина ба зина амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, сохтмони нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Озодӣ, Хатлон ва бозсозии роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ тавонистанд иртиботи шимоли кишварро бо марказ ба таври ҳамешагӣ таъмин намоянд. Дар ин доира бозсозии роҳҳои Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — Мурғоб ва сарҳади Чин, Душанбе — Ғарм — Ош, Душанбе — Бохтар — Панҷи Поён тавонистанд иртиботи доимиро дар кишвар таъмин намоянд. Сохтмони пулҳо дар болои дарёи Панҷ имкон дод, ки иртиботро ба Афғонистон таъмин намоянд ва тариқи роҳи Душанбе — Хоруғ — Мурғоб ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафтуомад барқарор гардид. Роҳи оҳани Душанбе — Кӯлоб ва Душанбе — Ёвон — Бохтар ҳалқаи дохилии роҳи оҳанеро ба вуҷуд овард. Имрӯз ба шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат Тоҷикистон ба як кишвари воҳид табдил ёфтааст.
Пӯшида нест, ки дар ҷаҳони имрӯз муҳаррики асосии иқтисодро энергетика ташкил медиҳад ва фанновариҳо тавассути энергия фаъол мегарданд. Пешвои миллат расидан ба истиқлолияти энергетикиро ҳадафи стратегии давлат қарор доданд ва дар ин замина сохтмони иншооти азими энергетикӣ оғоз гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳоест, ки зиёда аз 60 дарсади обҳои Осиёи Марказӣ аз қаламрави он ташаккул меёбад ва мавқеи ҷуғрофияш барои сохтмони НБО-ҳо мусоид аст. Инро ба назар гирифта НБО-ҳои бузург, аз қабили «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, идомаи корҳои созандагӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки ибтидои корҳои сохтмонии он дар замони шуравӣ ба нақша гирифта шуда буд, аз нав оғоз ёфт. «Роғун» неругоҳест, ки аз лиҳози қудрат ва тавоноӣ, баландии сарбанд ва мавзеи зеризаминии ҷойгиршавиаш дар ҷаҳон назир надорад.
Пешвои миллат ин иншооти муҳими иқтисодиро ба арсаи корзор табдил доданд. Моҳи ноябри соли 2016 Пешвои миллат бо ҷасорати хос ба пушти чанбари техникаи азим нишаста, пеши рӯди Вахшро бастанд. Натиҷаи ин иқдом он гардид, ки дар моҳи ноябри соли 2018 чархаи аввал ва дар моҳи сентябри соли 2019 чархаи дувуми неругоҳ ба гардиш даромад. Корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин иншооти муҳим ҳоло аз рӯи барномаи муайян идома доранд. Бо пурра баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҳамаи чархаҳои НБО «Роғун» Тоҷикистон ба кишвари содиркунандаи асосии неруи барқ табдил хоҳад ёфт.
Ҳамчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ садҳо НБО-ҳои хурд дар саросари кишвар сохта ба истифода дода шуданд ва ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ нақш бозидаанд. Инчунин, ба истифода дода шудани «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2» тавонист барои расидан ба ҳадафи стратегии истиқлолияти энергетикӣ мусоидат намоянд.
Ба туфайли сиёсати созандаю муваффақи хориҷӣ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи беш аз 160 давлати дунё расман эътироф гардида, бо 130 кишвари олам робитаҳои дипломатӣ барқарор шудаанд. Сиёсати оқилонаю мутавозини хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият самараи нек ба бор оварда, мавқеи ҷумҳурии моро дар арсаи минтақавию байналмилалӣ хеле баланд бардошт. Ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир гардидани форум ва конференсияҳои сатҳи олии байналмилалӣ, ташрифи роҳбарони олимақоми давлатҳои дунё, ҳайатҳои бонуфузи созмонҳои байналхалқӣ ба Тоҷикистон аз эътибори баланди байналмилалии кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад.
Дастовардҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидем, арзиши ҳазорсолаҳоро доранд. Муҳимтар аз ҳама, пояҳои давлатдории миллӣ устувор ва давлат ба ҳайси як ниҳоди муҳими идораи иҷтимоӣ мустаҳкам гардид. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи истиқлоли давлатист, ки он бароямон тамоми заминаҳои рушдро фароҳам оварда, имкон дод, то сарнавишти давлатдориамонро ба дасти худ муайян созем. Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақоми муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад».
Исомиддин ШАРИФЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа