«Истиқлолият ва занон»

№ 04.09.2024

Бахшида ба 33 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 3 - юми сентябри соли равон бо ҳамин ном дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат занони тоҷик дар ҷомеа мақоми арзандаро соҳиб гардиданд.

- Соҳибистиқлолӣ имконият дод, ки занон дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҷомеа нақши муассир гузоранд. Имрӯз зан — модари тоҷик вакил, вазир, сафир, олиму омӯзгор, табибу сиёсатмадор, ҳунарманду варзишгар, рӯзноманигору ихтироъкор, муҳандису ҳомии Ватан  ва дар рушду нумӯи кишвар пешқадаму саҳмгузор аст,- афзуд Бунафша Файзиддинзода.

 Гавҳар Шарофзода – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саодат Ҷӯрахонзода – муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Руқия Қурбонова – раиси Шурои собиқадорони Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон, Миҷгона Шарофзода – доктори илмҳои тиб, барандаи Ҷоизаи байналмилалӣ аз дастовардҳои соҳаҳои худ бо ифтихор ибрози андеша намуданд.

Дар поёни конференсия ба як гурӯҳ бонувони фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»