Ноҳияи Мурғоб таҳти ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри таҳкими донишандӯзӣ ва соҳибмаълумот гардидани наслҳои ояндасоз ноҳия аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ меёбад.
Танҳо аз соли 2016 то инҷониб барои наврасону ҷавонони ноҳия 474 квотаи президентӣ ҷудо гардида, соли 2018 бошад, ҳар сол 100 квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наслҳои ояндасоз ҷудо шуд, ки ин иқдом яке аз ташаббусҳои ғамхоронаи Роҳбари давлат нисбати ҷавонону наврасони ин минтақаи дурдасти кишвар мебошад.
- Бар ивази чунин ғамхорию дастгириҳо ҳар як сокини ноҳияро мебояд, ки баҳри тақвияти амалҳои созанда ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат камари ҳиммат баста, дар ободонию созандагии Ватани азизамон саҳми бештар гузорад, — иброз намуд Ҳусния Раҷабзода, раиси ноҳияи Мурғоб дар мулоқот бо аҳли илму маориф ноҳия, ки чанде пеш дар маркази маъмурии ноҳия ба вуқӯъ пайваст.
Феълан хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ноҳия дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ иштироки фаъолона дошта, барои пешравии илму маорифи ноҳия, гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ дар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ватандустӣ саҳми арзанда мегузоранд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»