Ба истифода додани хатти оби полезии шохоби дарёи Сир барои обёрии 2500 гектар замини деҳаҳои шаҳри Конибодом

№ 11.09.2024

1- Конибодом10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом хатти оби полезии шохоби дарёи Сир барои обёрии 2500 гектар замини деҳаҳои Сомониён, Кӯчкак, Файзбор, Бекобод ва Хамирҷӯйро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур яке аз бандҳои нақшаи тарҳрезишуда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он мушкилоти норасоии оби полезӣ дар ин минтақа пурра бартараф гардид.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки пойгоҳи обкашии “Истиқлол” аз 2 хатти оби полезӣ иборат буда, об аз масофаи 9200 метр аз Баҳри тоҷик то заминҳои кишоварзӣ интиқол меёбад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи пойгоҳи обкашии “Истиқлол” Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ ва бандубаст баҳои баланд доданд. Таъкид карда шуд, ки масъулинро мебояд корро дар самти обёрии заминҳои корам ҷоннок карда, эҳтиёҷоти кишоварзонро хуб ба эътибор гиранд.

Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии шаҳри Конибодом, дастрасии бештар ба оби полезӣ имкон хоҳад дод, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ бозмонда, майдони заминҳои корам васеъ карда шавад.

Хоҷагидорон ва сокинони шаҳри Конибодом барои ғамхориҳои давлат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ фаъолият карда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳми муносиб хоҳанд гузошт.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагиҳои шаҳри Конибодом боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагидорони шаҳр бо назардошти ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ имсол дар майдони 14 ҳазору 82 гектар кишти баҳорӣ гузарониданд.

Кишоварзон таъкид доштанд, ки ҳар як сухани Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, барои истифодаи ҳар як ваҷаб замин талош менамояд. Ҳамин буд, ки соли равон аҳли заҳмат бо рӯёнидани ҳосили фаровон дар баробари таъмини бозори дохила бо меваю сабзавоти тару тоза, ҳамчунин ба хориҷи кишвар маҳсулот содир намуданд.

Пешвои миллат ба аҳли заҳмат барои саҳми намоёнашон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар изҳори сипос намуданд.

Қобил ба зикри хос аст, ки шаҳри Конибодом аз минтақаҳои муҳими аграрии кишвар ба ҳисоб рафта, шуғли асосии мардум кишоварзию чорводорӣ мебошад.