Вақте ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ мекардем ва сарҳадоти он чун деворҳои оҳанин мустаҳкам буд, аз кишвари Африқо хабар мерасид, ки одамон ба як бемории нав гирифтор шудаанд, ки табобатнашаванда аст ва онро баъдан СПИД ном монданд. Дар телевизор нишон медоданд, ки чӣ тавр одамони харобу лоғар маргро интизорӣ мекашанд. Мубориза алайҳи ин вабо аз ҷое сар шуд, ки мардуми он кишварҳо сабабгори пайдошавии ин бало ва гирифтори он гаштанд. Яъне, аввалин нишонаҳои бемории мазкур дар Африқо ва Амрико пайдо шуд. Сипас, оҳиста-оҳиста ба дигар кишварҳо паҳн шуд. Яке аз сабабҳои асосии ин беморӣ бадахлоқии инсон буд, зеро он маҳз тавассути алоқаҳои ҷинсӣ миёни одамони бадахлоқу беандеша ба якдигар мегузашту паҳн мешуд. Баъдан, нашъамандӣ авҷ гирифт ва ба воситаи сӯзандору ҳам гузашт, ки онро низ асос бадахлоқӣ буд, зеро ба нашъамандӣ ҳам онҳое даст мезананд, ки аз одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дуранд.
Барои чӣ Иттиҳоди Шӯравиро ёдовар шудем? Зеро дар ин кишвари абарқудрат нисбати давлатҳои ҷаҳони империалистӣ тартибу низоми хуб ҷорӣ буду бадахлоқӣ, фаҳшу зӯрозмоӣ кам ба назар мерасид. Аммо СПИД ба ин давлат ҳам омад. Намояндагони ташкилотҳои хориҷии мубориза ба муқобили СПИД тибқи барномаҳои хеш, ки асосан аз ҷониби кишварҳои Ғарб маблағгузорӣ мешуданд, ба фаъолияти густурда сар карданд. Дар ҳама ҷо аксияҳо, семинару конфронсҳо ташкил карданд. Ин чорабиниҳо бе кофе-брейк ва намоиши дастурамалҳои аёнӣ намегузашт. Расму плакатҳо низ чоп кардаву паҳн менамуданд ва …баъзан «ғамхорона» рифоларо ҳам реклама менамуданду таъкид мекарданд, ки аз алоқаи ҷинсии «тасодуфӣ» худдорӣ кунед ва аз рифола истифода баред!
Инак, чанд даҳсола аст, ки инсоният муқобили СПИД мубориза мебарад, вале дар ин мубориза дастболо намешавад …
Боиси таассуф аст, ки ин бало ба Тоҷикистон низ кӯчидаву дигар худро «меҳмон» намешуморад. Фарҳангу суннатҳои неки мо ахлоқу маърифати баланди инсониро талқин мекунад. Барои мо – мусулмонон алоқаи ҷинсӣ бо зани ғайриникоҳии худ қатъиян манъ ва гуноҳи кабира аст. Дар Қуръони Маҷид низ таъкид шуда: «Ба зино наздик машавед; ба дурустӣ, ки вай беҳаёӣ ва бад роҳе аст!» (Сураи Исро, ояти 32).
Тибқи маълумоти СММ, ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар аз вируси норасоии масунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50 фоизи онҳоро ҷавонони синнашон аз 14 то 20- сола ташкил медиҳанд. Аз рӯзи пайдо шудани ин беморӣ дар ҷаҳон тақрибан 60 миллион нафар одамон аз ВИЧ сироят ёфтанд, ки аз онҳо 20 миллион нафар ба ҳалокат расиданд.
Нуктаи дигарро низ таъкид менамоем, ки на ҳамаи гирифторони СПИД нашъамандон ва ё фоҳишаҳо мебошанд. Мутаассифона, дар байни онҳо кӯдакон низ ҳастанд.
Инак, боз аз Африқо доир ба пайдо шудани вируси нав- табларзаи Эбола хабарҳо паҳн мешаваду он ба яке аз мавзӯъҳои рақами яки расонаҳои хабарии ҷаҳон табдил ёфтааст. Эбола акнун бол кушода, ба давлатҳои ҳамсоя парвозҳои нахустини худро анҷом медиҳад. Ҳоло дар кишвари мо бисёриҳо савол медиҳанд, ки ин вабо ба Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад?
Вақте ин суолро ба масъулини Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон додем, гуфтанд, ки бисёр журналистон бо чунин савол ба мо муроҷиат мекунанд.
Хадамот тамоми чораҳои заруриро дида истодааст ва мебинад, ки ин ва дигар намуди бемориҳо пешгирӣ шавад ва ба кишвар роҳ наёбад. Барои ин мо шароиту имконоти зарурӣ дорем. Ҳамчунин дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва нуқтаҳои санитарӣ — назоратие, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд, баҳри ошкор ва муайянкунии он нафароне, ки аз манотиқи зери хавф қарордошта бармегарданд, лавозимоти зарурӣ омода ва мавриди истифода аст,- иброз дошт муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзамҷон Мирзоев.
Дар робита ба бемории табларзаи Эбола сармутахассиси Раёсати бемориҳои ниҳоят хавфноки Хадамоти зикршуда Сабоҳат Аҳмадбекова чунин маълумотро пешниҳод намуд:
-Таби Эбол бемории сироятии шадиди тезпаҳншаванда буда, аломатҳои хунравӣ ва фавт ба он хос мебошад. Барангезандаи ин беморӣ вируси Эбол буда, ба оилаи рабдовирусҳо шомил мебошад. Вируси ба- вуҷудоварандаи ин беморӣ дар наздикии дарёи Эбол дар Ҷумҳурии Демократии Конго ошкор гардидааст ва аз ин сабаб ин бемориро таби Эбол номгузорӣ кардаанд. Аввалин хурӯҷи ин беморӣ соли 1976 дар Судони Ҷанубӣ ва Конгои Шимолӣ ба қайд гирифта шуда буд.
Манбаи вирус дар табиат хояндаҳое мебошанд, ки дар наздикии нуқтаҳои аҳолинишин зиндагӣ мекунанд. Барангезанда ба воситаи пардаҳои луобии роҳҳои нафас ва ҷароҳатҳои хурди пӯст ба организм ворид гардида, давраи ниҳоии ин беморӣ аз 2 то 21 рӯз мебошад. Беморӣ таври шадид оғоз гардида, дар рӯзҳои аввал ҳарорати баланд, беҳолу бемадорӣ, дарди мушакҳо, дард дар қафаси сина ва дар пӯст пайдо шудани доғҳо дида мешаванд. Баъдан, дар рӯзҳои сеюм ва чорум дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарунравӣ, осеби роҳҳои нафас ва шушҳо мушоҳида мегарданд. Ҳангоми сари вақт муроҷиат намудан ба табибон ва ё дар мавриди ба шакли сабук ҷараён гирифтани беморӣ, бемор дар рӯзҳои 10-12-ум шифо меёбад, аммо дар ҳолати шиддат гирифтани беморӣ шояд баъд аз рӯзҳои 6-ум то 14-ум ба ҳалокат расад. Хурӯҷи ҳозираи таби Эбол моҳи декабри соли 2013 дар Гвинея оғоз гардида, минбаъд ба Либерия, Нигерия ва Серра-Леон паҳн гардид. То 9-уми августи соли 2014 дар мамлакатҳои зикргардида ҳамагӣ 1884 ҳодисаи ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин 1013 нафар фавтидааст.
Тибқи тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, айни ҳол бемории мазкур бо роҳҳои ҳавоию қатрагӣ аз бемор ба шахси солим намегузарад. Зимни риояи одитарин қоидаи муҳофизат шахс метавонад худро аз гирифторӣ ба ин беморӣ эмин нигоҳ дорад. Шахс метавонад зимни алоқаи бевосита бо моеъҳои биологии бемор (хун, пешоб ва ғ.) ва ё ҳайвонот (мушҳои паррон, маймунҳо ва ғайра) бо вируси Эбола сироят ёбад.
Рӯзҳои 6-7-уми августи соли равон машварати аввали Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ тибқи Қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ (2005) вобаста ба хурӯҷи таби Эбол баргузор гардид. Пас аз муҳокимарониҳо аъзои кумита ба чунин хулоса омаданд:
-хурӯҷи бемории таби Эбол дар Африқои Ғарбӣ «вазъи фавқулода» буда, ба саломатии сокинони дигар мамлакатҳо хатар дорад;
-характери вирулентнокии вирус метавонад минбаъд дар сатҳи байналмилалӣ вазъи номусоидро ба вуҷуд орад;
-вобаста ба ин ҳамоҳангсозӣ ва андешидани чораҳои ҷавобӣ дар сатҳи байналмилалӣ баҳри пешгирӣ ва паҳн гаштани ин вирус зарур мебошад.
Тибқи хабари Агентии иттилоотии «Рейтер», айни ҳол бар асари бемории Эбола дар ҷаҳон 4033 нафар вафот кардааст. Теъдоди гирифторони беморӣ бошад, ба 8, 4 ҳазор нафар расидааст.
То имрӯз бинобар мавҷуд набудани хатари паҳншавии беморӣ, ваксина бар зидди таби Эбол кашф карда нашуда буд. Тибқи маълумоти охир, аз ҷониби давлатҳои дунё нисбати ин масъала чораҳо андешида, дар Канада аллакай ваксинаи озмоишӣ кашф гардидааст.
Инак, ҷаҳонро хатари бемории нав таҳдид мекунад ва мубориза ба муқобили он сар шуд. Кош, ин мубориза мисли мубориза ба муқобили СПИД набошад…
К. Бурҳониддин, «Садои мардум»