Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

№133 (3279) 13.11.2014

15770696491_69da7c9cca_o

Субҳи 12 ноябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ ва мулоқот бо мардуми касбу кори гуногун ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омад.

Дар даромадгоҳи ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти ноҳияву вилоят ва дигар масъулин самимона истиқбол гирифтанд. Дар канори роҳи даромадгоҳи ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар ва тариқи ҳашари умумӣ ба бунёди боғи нави дарахтони мевадиҳанда асос гузошта шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як ниҳоли дарахти дарозумри сояафкан шинонда, ба бунёди боғи нав оғоз бахшид. Барои иштирок дар ҳашари ниҳолшинонӣ наздики ҳазор нафар аз сокинони деҳоти атрофи ин ноҳия ҷамъ омада буданд. Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо асосан чормағз ва дигар дарахтони мевадиҳандаи ба иқлими ин мавзеъ мутобиқ шинонда мешаванд.

Зимни ин сафар як зумра корхонаҳои истеҳсолӣ бо садҳо ҷойи нави корӣ ва як мактабу як бинои иловагӣ дар беморхонаи марказии ноҳия ба кор дароварда шуда, ба оғози сохтмони чанд корхонаи нави саноатӣ асос гузошта мешавад.

***

Дар оғози боздид аз ноҳияи Ёвон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаҳои истеҳсоли варақаҳои гаҷкартонӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ оғоз бахшид.

Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо ду корхонаи саноатӣ бунёд меёбад, ки яке барои истеҳсоли варақаи гаҷкартонӣ ва дувумӣ барои тавлиди масолеҳи бастубанд ва ороиши сохтмон пешбинӣ шудаанд.

Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷкартонӣ дорои иқтидори 10 ҳазор варақаи гаҷкартонӣ дар як шабонарӯз буда, то моҳи июни соли 2015 ба кор дароварда мешавад. Муҳлати ба кор омода шудани корхонаи дуюм бошад, моҳи декабри соли 2015 муайян гардидааст.

Ҳар ду корхона аз ҷониби ширкати муштараки «Ху Чан Ғаюр Индастриал» бо харҷи 150 миллион сомонӣ сохта мешавад ва дар онҳо, бо назардошти конҳои ашёи хом, беш аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ташаббускорони бунёди ин корхонаҳо тасмим гирифтаанд, ки бо чунин маҳсулот на танҳо бозори дохилии Тоҷикистонро пурра таъмин намоянд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои ин иқдоми нек арзи сипос карда, барои сифати баланди бозоргир ва рақобатпазир ба роҳ мондани истеҳсолот маслиҳатҳои муфид дод.

***

Дар деҳоти «Чоргул»-и ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муосири парандапарварӣ бо иқтидори солонаи 1800 тонна гӯшти мурғ ба кор шурӯъ намуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуриддин Нуралиев бунёд ёфтааст.

Чунонки аён гардид, ин корхона аз ҳафт мурғхонаи парвариши чӯҷаҳои гӯштӣ, биноҳои чӯҷабарорӣ, кушторгоҳ, яхдон ва дигар иншооти ёридиҳанда иборат аст. Дар як вақт дар ҳафт мурғхонаи он 245 ҳазор чӯҷа парвариш ёфта, давоми 40 рӯз ба ҳисоби миёна 1,2 кг вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мешаванд. Ба ин тартиб давоми сол дар ин ҷо зиёда аз 1 миллиону 700 ҳазор мурғи гӯштӣ омода мешавад, ки баробар ба 1800 тонна гӯшти  парҳезии паранда аст.

Ҳадафи асосии ташаббускорони бунёди ин корхона ва масъулини соҳа дар марҳилаи аввал бо гӯшти мурғи хушсифати ватанӣ таъмин намудани ҷумҳурӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ барои аҳолии маҳаллӣ мебошад. Дар марҳилаи дуюм онҳо содироти гӯшти парандаро ба хориҷи кишвар ва ҳам коркарди саноатии онро ба роҳ монданианд. Барои ин ҳаҷми истеҳсоли солонаи гӯшти парандаро ба зиёда аз 4000 тонна расонида, бунёди корхонаи истеҳсоли ҳасиб ва дигар маҳсулоти саноатии ин соҳаро ба роҳ мондан зарур аст.

Ҳоло дар яке аз мурғхонаҳои ин корхона наздики 25 ҳазор чӯҷа парвариш меёбад, ки аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд.

Минбаъд чӯҷаҳои гӯштӣ барои ин корхона дар инкубатори худи онҳо бароварда мешаванд. Инкубатори корхона аз се камера иборат буда, дар як вақт дар онҳо 350 дона тухм хобонда мешавад ва пас аз 21 рӯз аз онҳо чӯҷаҳо мебароянд. Иқтидори инкубатори ин корхона барои таъмини ҳамаи корхонаҳои имрӯзаи парвариши мурғи гӯштӣ дар ҷумҳурӣ кифоя аст. Ин иқтидор ҳамчунин барои минбаъд афзун намудани шумораи мурғхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулот дар худи ҳамин корхона пешбинӣ шудааст.

Сохтмони кушторгоҳи корхона дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дорои иқтидори забҳи 6 ҳазор мурғ дар як шабонарӯз хоҳад буд. Дар паҳлуи кушторгоҳ ҳамчунин яхдони махсус бунёд меёбад, ки барои дар ҳавои аз 18 то 40 дараҷаи таҳти сифр нигоҳ доштани то 250 тонна гӯшти паранда пешбинӣ шудааст.

Дар ин корхона 130 нафар, ки бештари онҳо занону духтарони маҳаллианд, бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1700 сомонӣ таъмин хоҳанд шуд. Оянда бо афзун шудани ҳаҷми истеҳсолот шумораи коргарон ба зиёда аз 300 нафар расонда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ибтикори ин соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд дода, изҳори бовар намуд, ки онҳо дар ояндаи наздик на танҳо бозори Тоҷикистонро ба даст меоранд, балки дар хориҷи кишвар низ харидорони зиёд пайдо мекунанд. «Беҳамто» номгузорӣ шудани корхона ҳам бесабаб нест, зеро ин нахустин чунин корхонаи инноватсионии парандапарварӣ дар Тоҷикистон буда, бо навтарин технологияи аврупоӣ муҷаҳҳаз шудааст.

***

Дар деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони корхонаи нави семент оғоз бахшид, ки дорои иқтидори солонаи 1,2 миллион тонна хоҳад буд.

Ин корхона дар муддати як  сол аз ҷониби Ширкати муштараки «Ҷунг-Сай-Моҳир» бо харҷи беш аз 600 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони дохилию хориҷӣ бунёд меёбад ва дар он беш аз 1000 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Дар ҳудуди ҳамин корхона ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷкартонии сохтмонӣ бо иқтидори солонаи як миллион метри мураббаъ ва коргоҳи халтаҳои коғазӣ бо иқтидори 80 миллион халта дар як сол бунёд меёбанд.

Аз ҷониби ин соҳибкорон то моҳи сентябри соли 2015 як мактаби нави замонавӣ ҳам сохта, ба мардуми ноҳия туҳфа карда мешавад. Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳо ҳамчунин уҳдадор шуданд, ки пас аз ба кор даровардани корхонаи семент дар ин ноҳия боз як мактаби замонавӣ барои 640 хонанда дар як баст ва як толори муосири варзишӣ бунёд намоянд.

***

Дар беморхонаи марказии ноҳия, ки дар шаҳраки «Ёвон» қарор дорад, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои нави иловагиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Чунонки зикр гардид, ин бино барои таваллудгоҳи замонавии бо стандартҳои аврупоӣ муҷаҳҳазгардида пешбинӣ шудааст. Ин бинои дуошёна бо таҷҳизоти муосири таваллудгоҳ, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ бо харҷи 14 миллион сомонӣ маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия сохта ва таҷҳизонида шудааст.

Ба иттилои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дувумин чунин таваллудгоҳи муосир дар вилояти Хатлон аст. Якумаш ба наздикӣ дар ноҳияи Хуросон ифтитоҳ ёфта буд. Дутои дигар ҳамин гуна таваллудгоҳҳо дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор низ дар арафаи ба кор даромадан қарор доранд. Ояндаи наздик ду таваллудгоҳи дигар бо мақоми вилоятӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа сохта мешавад. Тибқи барномаи дарозмуддати ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Германия ҳамин гуна таваллудгоҳҳо бояд дар тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон сохта шаванд. Бунёду навсозии муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла таваллудхонаҳои муосир дар бисёр минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда шудааст.

***

Дар маркази ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як маҷмааи истеҳсолию хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Мирзоев бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.

Чунонки аён гардид, ин маҷмаа дар бинои нави чорошёна бо таҳхона ҷойгир шуда, аз корхонаи ҷӯроббофӣ, корхонаи дӯзандагӣ, маркази савдо ва ошхонаи ҷамъиятӣ иборат аст.

Корхонаи ҷӯроббофии маҷмаа дорои иқтидори 9 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол буда, дар он ҳоло 83 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. 80 фоизи таркиби ҷӯробҳои ин корхона аз пахта буда, дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони доимӣ доранд. Чунонки иттилоъ доданд, оянда ҷӯроббофӣ дар ин корхона бо таҷҳизоти аз ин навтару замонавӣ ба роҳ монда,  иқтидори истеҳсолиаш ҳам афзун карда мешавад.

Ҳоло таҷҳизонидани корхонаи дӯзандагӣ идома дорад. Тибқи нақша дар ин корхона 30 ҳазор дона либосҳои кӯдакона дар як моҳ ё 360 ҳазор дар як сол дӯхта хоҳад шуд.

Дар ин маҷмаа, ки бо харҷи қариб 15 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, ҳоло 105 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Соҳибкори номбурда бо падару бародаронаш тасмим гирифтаанд, ки корҳои истеҳсолию хизматрасониро дар ин бино ва атрофи он идома дода, дар муддати кӯтоҳ беш аз 600 ҷойи корӣ муҳайё созанд. Оянда онҳо, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли чатрҳоро низ бунёд карданианд.

Хотиррасон бояд намуд, ки ду сол пеш аз ҷониби ҳамин соҳибкор дар паҳлуи ин корхона маҷмааи варзишӣ низ бунёд ёфта буд. Дастпарварони гурӯҳҳои гуногуни ин маҷмааи варзишӣ аллакай натиҷаҳои намоён нишон дода истодаанд.

***

Дар идомаи сафар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ташриф оварда, мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумиро барои 640 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор дод.

Чунонки зикр гардид, ин мактаб аз ҷониби ҶДММ «Ғаюр-Хуаксин-семент»- и ноҳия бунёд ёфта, барои хонандагони деҳаҳои Ҳасанӣ ва Дарагии ноҳия пешбинӣ шудааст.

Мактаб аз 13 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои физика, кимиё, биология ва синфхонаҳои лингофонӣ барои забономӯзӣ иборат аст. Ду синфхонаи дигар барои ҳунаромӯзии духтарону писарон бо мошинҳои дӯзандагӣ ва асбобҳои дуредгарӣ ҷиҳозонида шудааст.

Мактаб ҳамчунин дорои толори зебои варзишӣ, ошхона ва дигар утоқу толорҳо мебошад.

Дар саҳни мактаби нав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури аҳолии деҳоти атроф ва кормандони соҳаи маорифи ноҳия суханронӣ намуда, аз ҷумла мактаби нави замонавиро туҳфаи арзанда ба муносибати солгарди 20-уми қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.

***

Дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон боз як корхонаи коркарди пахта ба кор дароварда шуд, ки бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст.

Тавре иттилоъ доданд, ин корхона дорои иқтидори коркарди 15 ҳазор тонна пахта дар як сол мебошад.

Барои қабул кардану нигоҳ доштани пахта ва ҳам бо сифати баланд коркард намудани пахта дар ин ҷо ҳама шароити зарурӣ муҳайё аст. Корхона, аз ҷумла дорои тарозуи электронии 60 тоннагӣ, чор майдончаи ғарамсозии пахта, анбору айвонҳо ва барои муайян кардани сифати маҳсулот озмоишгоҳи муосир мебошад.

Дар ин корхона 75 нафар бо кор ва маоши миёнаи 1000 сомонӣ таъмин шудаанд.

Дар паҳлуи ин корхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди корхонаи равғанкашӣ асос гузошт. Ин корхона дорои иқтидори солонаи коркарди 12 тонна пунбадона, дони офтобпараст ва ё лӯбиё дар як шабонарӯз буда, дар он 50 нафари дигар бо кор ва маоши 1000 сомонӣ таъмин мешаванд.

***

 Дар ноҳияи Ёвон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кори гармхонаҳои парвариши сабзавоти барвақтӣ бевосита шинос шуд. Нахуст ба гармхонаҳои бунёднамудаи мутахассисони хитойӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Чунонки иттилоъ доданд, дар ин ҷо аз ҷониби ширкати «Ҷинян Инхай»-и хитойӣ дар майдони 49 гектар замини корами обӣ 196 гармхона бояд бунёд ёбад. Ҳоло 139-тои он сохта шудааст. То охири соли равон шумораи гармхонаҳои ин мавзеъ ба 160-то расонида мешавад. Дар 39 гармхонаи омодашуда ҳоло помидору бодиринг, қаламфуру боимҷон ва дигар сабзавот парвариш меёбад. Ҳар як гармхона дар масоҳати 60 метри мураббаъ замин бунёд ёфтааст. Ҳосили интизорӣ аз як гармхонаи помидор ё бодиринг 10 тонна маҳсулот аст. Ҳадаф аз бунёди ин корхонаҳо пурра таъмин намудани талаботи бозори дохилӣ бо сабзавоти барвақтӣ дар фасли зимистон ва аввалҳои баҳор ва ба роҳ мондани содироти он ба хориҷи кишвар аст.

Дар ин ҷо 125 нафар ба таври доимӣ кор мекунанд, ки 110 каси онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Оянда шумораи коргарон дар ин ҷо то ба 200 нафар расонида мешавад.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин бунёди сардхона барои нигоҳдории 1000 тонна сабзавоти тару тоза ва коргоҳи бастубанди маҳсулот дар назар аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо дастур дод, ки барои аҳли заҳмати гармхонаҳо тамоми шароити зарурии кориро муҳайё созанд, то ки талаботи санитарию беҳдоштӣ ва қонунгузории кишвар пурра риоя карда шавад.

Дар деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори чор гармхонаи дигар шинос шуд, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Наврӯз Ҷонмаҳмадов бо бародаронаш бунёд ёфтаанд.

Тавре аён гардид, усули кори ин гармхонаҳо дигар аст, вале маҳсули фаъолияташон хуб аст. Чор гармхона дар масоҳати умумии ду гектар бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Ба иттилои бародарони соҳибкор ин хароҷот дар як мавсими ҳосилғундорӣ на танҳо пӯшонида мешавад, балки фоида ҳам ба даст меояд, зеро аз чор гармхона қариб 100 тонна помидору бодиринг ҷамъоварӣ мешавад.

Танҳо дар се моҳи зимистон бо харҷи 40 тонна ангишт ба чор гармхона гармӣ дода мешудааст.

Дар ин гармхонаҳо 15 нафар бо кор таъмин шудаанд. Ин бародарони соҳибкор, чунонки ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, азм доранд, ки ҳамчунин як корхонаи парвариши аспи зоти тоҷикиро ба роҳ монанд. Ташаббуси онҳо мавриди дастгирӣ қарор гирифт.

www.president.tj