Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Кентаро Соноура

№133 (3279) 13.11.2014

15774463522_e751a86bbc_o

Бегоҳии рӯзи 12 ноябри соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Япония Кентаро Соноураро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳ ва мазмуни муносиботи ду кишвар баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки: «Тоҷикистон ҷонибдори тавсеаи робитаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо Япония мебошад».

Бо изҳори қадрдонӣ аз дастгириҳои Япония аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, зикр гардид, ки тайи зиёда аз 20 сол бо кумаки ин давлати дӯст дар кишвари мо беш аз 300 лоиҳаи иҷтимоӣ амалӣ карда шудааст. Як зумра лоиҳаҳои дигар дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд ва соли равон боз ду созишномаи грантии дигар барои таъмини ноҳияи Панҷ бо оби нӯшокӣ ва беҳсозии Фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба имзо расидаанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки оянда дар баробари кумакрасонӣ ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории барои ҳар ду ҷониб судманд ҳам тавсеа меёбад.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва илму техника сурат гирифт.

www.president.tj