Ҳайати эҷодии Театри давлатии академии ба номи Фёдор Волкови шаҳри Ярославли Федератсияи Россия тайи чанд рӯз аст, ки бо сафари ҳунарӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Дар доираи ин сафар меҳмонон намоишномаи «Муҳаббати хандаовар»-и адиби шинохтаи рус Антон Чеховро дар толори Муассисаи давлатии Театри давлатии драммавии русии ба номи В. Маяковскийи пойтахт пешкаши тамошобинон гардониданд, ки хеле диданӣ буд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»