Чанде пеш мулоқоти гурӯҳи соҳибкорони кишвари Олтойи Федератсияи Россия ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони вилояти Халтон баргузор гардид.
Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳибкорони ҳар ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт. Намояндагони кишвари Олтой ҳамзамон аз Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дидан намуда, бо роҳбарияти он мулоқот анҷом доданд. Дар охир меҳмонон намоишгоҳи маҳсулоти муассисаҳои саноатии вилояти Хатлонро аз назар гузарониданд.
Давлати СУЛТОН, «Садои мардум»