18-уми сентябри соли 2024 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Васеъгардонии имкониятҳои иқтисодии занон ба воситаи раванди рақамикунонӣ» баргузор гардид.
Дар кори форум вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода, намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар форум намояндагони 32 давлат иштирок намуданд. Дар назди иштирокчиёни чорабинии мазкур вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода ва намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Абдулмаинзода доир ба ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тасвиби санадҳои меъёрии ҳуқуқии раванди рақамикунонӣ ибрози андеша намуданд.
Дар пайвастагӣ бо масоили фаъолияти занон дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ бо таваҷҷуҳ ба баргузории Форуми занони СҲШ ва назари мақоми олии конунгузорӣ вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода бо Шабакаи давлатии умумичинӣ мусоҳиба намуд.
Дар раванди Форуми занҳои СҲШ бо ҳайатҳои давлатҳои Россия, Ӯзбекистон, Беларус, Қирғизистон, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Кувайт ва Чин аз ташаббусҳои Пешвои миллат ва мақоми олии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — парламент мубодилаи афкор намуданд.
Форуми мазкур рӯнамо аз болоравии нуфузи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун майдони муколамаҳои созанда ва васеъ гаштани аъзоёни он аз ҳисоби давлатҳои мушоҳидакунанда гардид.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон