18 — уми сентябри соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» баргузор гардид. Дар намоиш 35 навъи ҳунарҳои қадимии миллии халқи тоҷик аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ва офаридаҳои ҳунармандони соҳибзавқи шаҳри Душанбе, ба монанди мисгарӣ, созтарошӣ, читгарӣ, гулдӯзӣ, кандакории рӯйи чӯб, кундал, аъҷубасозӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, табақтарошӣ, қуроқбофӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, атласу адрасбофӣ, сабадбофӣ, кордсозӣ, минётурнигорӣ, оҳангарӣ, шерозабофӣ, доирасозӣ, муҳракашӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуданд.
Зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон суханронї намуданд.
Инчунин, дар намоиш сафирони фавқулода ва мухтори Туркманистон, Қазоқистон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Фаронса, Фаластин, Покистон, Беларус дар Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.
Ёдрас мешавем, ки намоиши ҷумҳуриявии «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 декабри соли 2023 бо муносибати ворид гардидани силсилаи ҳунарҳои мардумӣ ба Феҳристи осори фарҳангии ғайримоддии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО ва эҳёи дигар намудҳои санъат ва касбу ҳунарҳои қадимии миллӣ доир шуд.
Дар анҷом ҳунармандон барои иштироки фаъол дар намоиши мазкур бо сипосномаи Осорхонаи миллӣ сарфароз гардонида шуданд.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
“Садои мардум”