Барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва таъмини волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқӣ гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Ғанизода бо масъулону фаъолони ҷомеа ва сокинони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти судманд анҷом доданд.
- «Соли маърифати ҳуқуқӣ» давоми мантиқии сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати мамлакат буда, онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз аз рӯзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар амалӣ менамояд. Таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарини кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд, — гуфт вазири адлияи мамлакат М. Ашуриён.
- Муҳимтарин арзишҳои умумибашариро маҳз Конститутсия дар худ мустаҳкам менамояд, ки минбаъд дар раванди қабул ва татбиқи қонунҳо дар мадди назар қарор додани онҳо барои субъектҳои ваколатдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад, — зикр намуд ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ З. Ализода.
Таъкид шуд, ки баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ лозим меояд, то баробари роҳандозии дигар тадбирҳо ҳар як шаҳрванд бояд аз ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳояш пурра баҳравар шуда, аз қонунҳои амалкунанда чун қутбнамои зиндагӣ истифода кунад.
Зикр гардид, ки дарки моҳияти Конститутсия, татбиқи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз асосҳои болоравии маърифати ҳуқуқии аҳолӣ буда дар ин росто шаҳрвандонро мебояд бомасъулият бошанд, меъёрҳои Конститутсия ва дигар қонунҳоро риоя карда, аз ҳуқуқҳои худ васеъ истифода баранд ва дар ҷамъият рафтори шоиста дошта, худогоҳ ва ватандӯст бошанд.
Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси ВМКБ ва раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода иқдоми тақвият додани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро сазовор ва саривақтӣ арзёбӣ карда, қайд намуданд, ки Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Зимни мулоқот махсус таъкид шуд, ки эҳтиром ва риояи талаботи Конститутсия ва қонунгузории кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, тарбияи маънавию ахлоқӣ, таҳкими ҳамкориҳои судманди шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, иштироки онҳо дар раванди татбиқи босамари қонунгузорӣ аз ҳама масъулияти даҳчанд тақозо дорад.
Зикр гардид, ки баҳри истодагарӣ кардан бо ҳама гуна ҳодисаҳои доғи рӯз шаҳрвандон набояд бетараф бошанд ва аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ истифода кунанд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»