Дар мавзеи Сариоби деҳоти «Сағирдашт»- и ноҳияи Дарвоз дар арафаи ҷашни 23- солагии Истиқлолияти кишвар корхонаи заршӯйӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар он 160 нафар ҷавонони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Мавзеи Сариоби деҳоти «Сағирдашт» аз аҳди қадим бо тиллои хушсифати худ машҳур буд. Ба қавли мӯйсафедони ин маҳал, дар асрҳои гузашта барои лашкаркашони номдор, ба мисли Искандари Мақдунӣ, маҳз тиллои хушсифати ин сарзамини тоҷикон туҳфа бурда шудааст. Асрҳои зиёде тавассути корвон тиллои сарзамини тоҷиконро ба дигар давлатҳо бурда, бо молу маҳсулот иваз мекарданд. Коркарди асосии он бошад, аз асри XVIII оғоз гардид. Дар замони шӯравӣ корхонаи заршӯйии «Помир» таъсис ёфт, ки минбаъд тиллои ин мавзеъро коркард мекард. Вале бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ корхона аз фаъолият бозмонд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона аз нав ба фаъолият шурӯъ намуд ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Таком- голд» дар ин ҷо ба коркарди тилло машғул шуд. Соли 2013 корхона муваққатан боз аз фаъолият монд.
Хушбахтона, дар арафаи ҷашни 23- солагии Истиқлолияти кишварамон дубора ба фаъолияти он ҳусни оғоз бахшида шуд. Айни замон корхона бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва коргарон дар ду баст (шабонарӯзӣ) ба заршӯйӣ машғул мебошанд. Дар баробари коргарони одӣ, мутахассисони кордида низ аз дигар манотиқи кишвар ба ин коргоҳ ҷалб гардидаанд.
Чанде пеш раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед аз корхона дидан намуда, ба мутасаддиён супориш дод, ки барои коргарон шароити беҳтарини корӣ муҳайё намоянд ва аз технологияи замонавӣ бештар истифода баранд.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»