Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо намояндагони барномаҳои СММ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки тибқи пешниҳоду ҳидоятҳои Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар, тақозо менамояд заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд.
Роҳбари давлат дар Паёмашон иброз доштанд, ки ин вазифаҳо аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, парламенти кишвар, талаб менамояд, ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад. Вазифаҳои дар назди мо қарордошта тақозо менамоянд, ки фаъолияти Маҷлиси Олӣ ҷиҳати қабули қонунҳои саривақтии мукаммал ва босифат боз ҳам тақвият бахшида шавад.
Дар рафти вохӯрӣ ҷониби СММ дар Тоҷикистон вобаста ба дастгирӣ намудани вакилони Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани иқтидори мушовирон, инчунин, навсозӣ ва такмили сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар самтҳои афзалиятнок изҳори омодагӣ намуданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ