Номаи табрикии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Матвиенко Валентина Ивановна

№116 (4856) 27.09.2024

МатвиенкоМуҳтарам Валентина Ивановна,

Шуморо аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба маснади Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия самимона табрик менамоям!

Аз нав интихоб гардидани Шумо ба вазифаи олии давлатӣ ифодаи эътимоди мардуми Россия ба Шумо, нуфузи устувори Шумо ҳамчун ходими барҷастаи давлатӣ ва алоқамандии усулию касбии Шумо, ки ба рушди қонунгузорӣ ва парламентаризм дар Россия равона карда шудааст, ба ҳисоб меравад.

Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун ҷонибдори рушд ва таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия мешиносанд. Мо саҳми калони шахсии Шуморо дар таҳкими муколамаи байнидавлатӣ баланд арзёбӣ менамоем.

Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак мо минбаъд низ муколамаи байнипарламентиро вусъат дода, ҳамкориҳои амалиро дар бахшҳои гуногун ба манфиати мардумон ва давлатҳои ба ҳам дӯст тавсеа мебахшем.

Муносибатҳои самимӣ ва боэътимодамонро арзишманд медонам.

Ба Шумо, муҳтарам Валентина Ивановна, дар фаъо­лияти давлатиатон комёбиҳо, инчунин, саломатӣ ва хушбахтӣ орзумандам.

Бо эҳтиром,

Рустами Эмомалӣ