Забон далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахш

№ 01.10.2024

1-уми октябри соли 2024 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва 15– умин солгарди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони соҳаҳои дахлдори давлатӣ, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, раисони шуроҳои занону бонувони вазорату идораҳо, раисони шурои маҳаллаҳои шаҳри Душанбе, кормандону устодони маркази таълимии «Чароғи ҳидоят», шунавандагони курси 6-моҳаи «Мактаби сарварони ҷавон» конференсияи илмӣ – ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забон – рукни асосии ҳастии миллат ва давлат» баргузор намуд.

Ҳадафи баргузории конференсия ҳифз ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти нодири давлату миллат арзёби гардида зикр шуд, ки таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ба тасдиқу амалишавии 15 — умин солгарди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ рост омад.

- Забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифат дар тӯли ҳазорсолаҳо андухтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, дар сарнавишти миллати мо далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахш ба ҳисоб рафта, миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст, — зикр намуд раиси кумита Бунафша Файзиддинзода.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»