Ҳисор. Омодагии ҳамаҷониба ба зимистон

№ 01.10.2024

Зимистон 031024Дар машварати навбатии корие, ки  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода бо роҳбарони корхонаю муассисаҳои шаҳр доир намуд, ду масъалаи муҳим роҷеъ ба омодагиҳо ба мавсими сардӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни машварат ба масъалаи таъмини кори бонизоми муассисаи коммуналии шаҳр, омода намудани  захираи зарурии маҳсулоти сӯзишворӣ ва таҷҳизоти гармидиҳии биною иншооти муассисаҳои маорифу тандурустӣ диққати махсус дода шуд.

Таъкид гардид, ки роҳбарони корхонаю муассисаҳои хизматрасонии шаҳр бояд корҳои омодагиро ба фасли зимистон дар муҳлатҳои муқарраргардида  анҷом диҳанд.

Зимистон 2Масъалаи дигаре, ки мавриди муҳокимаи ҳозирин қарор гирифт, муроҷиати ширкати ҶСК «Барқи тоҷик» буд. Таъкид карда шуд, ки масъулини ин ширкат бо муроҷиат ба мардуми шарифи Тоҷикистон даъват намудаанд, ки ҳамагон ба зимистон омодагии ҳамаҷониба дида, ҳар як оила, ташкилоту муассиса ва корхона дар мавсими тирамоҳу зимистон неруи барқро сарфакорона истифода баранд.

Таъкид карда шуд, дар ин шабу рӯз мо бояд ба мардум фаҳмонем, ки сохторҳои низоми энергетикии кишвар барои маҳдуд намудани таъминоти барқ манфиатдор нестанд, вале захираҳои обию энергетикие, ки мо имрӯз дар ихтиёр дорем, тақозо менамояд, ки ҳар як киловатт соате, ки дар ин рӯзҳои мусоид сарфа мегардад, барои дар мавсими сармои шадид бештар бо барқ таъмин намудани сокинон истифода бурда хоҳанд шуд.

Дар ҷамъбасти машварат гуфта шуд, ки омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон бояд вазифаи аввалиндараҷаи тамоми сохторҳои дахлдор бошад.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»