Забон. Аз ҷабри таърих то ба маснад расидан

№118-119 (4858-4859) 04.10.2024

№118 (4858)Забони мо — тоҷикон дар дарозои таърих тирарӯзҳои зиё­деро пушти сар намудааст. Барои боварӣ ҳосил кардан ба ин нукта сафҳаи таърихи ҳазорсолаҳои пеш — замони ҳуҷуми арабҳо ба хоки Мовароуннаҳру Хуросон ё замони ҳуҷуми муғулон ба Осиёи Миёна як тараф истад, сад соли пешро варақгардон намудан кофист, то қоил бишавем забони тоҷикӣ аз дасти нотавонбинон чӣ ҷабре дидаю чӣ захмҳо бардоштааст.

Ҳамон гунае, ки ҳазорсолаҳои пеш нафароне пайдо шуда, аз забони тоҷикӣ ҳимоя мекардаю бо сад роҳу восита онро зинда нигоҳ доштаанд, сад соли пеш низ (муаррихон барои миллати мо ин марҳаларо давраи ҳассоси таърихӣ унвон додаанд) мардони нусратманде ба майдон омада, барои ҳифзи забон сина сипар намуданд. Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи онҳо мебошанд. Устод Садриддин Айнӣ дар сафи пеши ин муборизон будааст.

Бале, саргузашти забони мо чандон гуворо нест. Панҷаи бераҳми таърих борҳо онро буғӣ намуда, аммо алорағми ин ҳама забони тоҷикӣ зинда мондаю ҳатто дар ҳассостарин марҳилаҳои таърихӣ боиси эмин мондани миллат гаштааст. Ҳар қадар аз сарнавишти талхи забони хеш огоҳ шавем ва ҳар қадар нақши муҳим бозидани онро барои сарнавишти миллат эҳсос намоем, забонамонро бештар дӯст медорему эҳтиром менамоем. Аз авроқи зарди таърихи ҳақгӯи асри гузашта муҳимияти забон барои исботи мавҷудияти миллат ва пойдории давлат амиқтар эҳсос мешавад. Забони мо дар он солҳо миллати моро, ки дар ҳоли фано ёфтан буд, зинда нигоҳ дошта, ба мо — тоҷикон осори арзишманди таърихӣ додааст.

Устод Садриддин Айнӣ дар ин хусус дар як мактуби хеш ба фарзандаш Камол Айнӣ (ин нома дар китоби «Забон ва ҳувияти миллӣ», дар мақолаи «Тоҷикон ва забони тоҷикӣ» дарҷ шудааст) 13 марти соли 1949 навишта буд. Бо назардошти он ки ин нома аз воқеияти он рӯзгорон — вазъи забони тоҷикӣ, кӯшишҳои аз нав сохтани забони адабии тоҷикӣ, аҳволи тоҷикон ва аҳамияти забон барои миллат ҳикоя мекунад, ба хонандагон муфассал иқтибос меорем: «Вақте ки ман «Намунаи адабиёт»-ро (мурод «Намунаи адабиёти тоҷик» мебошад — Ф.Ф.) навишта баровардам, ҳама шарқшиносҳо ба ман муқобил баромаданд ва онҳо забони адабӣ доштани халқи тоҷикро инкор карданд ва ҳама гузаштагони моро, ҳарчанд дар Мовароуннаҳр расида бошанд, ба минупулёи (монополияи, инҳисори) Эрон додан хостанд. Ин, аз як тараф, ба ҳақиқати таърихӣ мухолиф бошад, аз тарафи дигар, ба сиёсат мухолиф буд, чунки дар ҳамон вақтҳо тақсими ҳудудии Осиёи Миёна шуда, тоҷикон ҳам ба сифати як миллати мустақил шинохта шуда буданд. Аз ин хатоии шарқшиносон понтуркистон истифода бурда, будани тоҷиконро дар Осиёи Миёна инкор карданд ва «тоҷикон ӯзбаконеанд, ки бо таъсири эрониён забони худро гум кардаанд» гуфтанд. Ин ҷанҷол то солҳои 1928-1930 рӯз то рӯз шиддат карда давом намуд. Дар соли 1929 дар Тошканд конфронси ба алифбои лотинӣ гузаш­тани тоҷикон барпо шуд. Як қисмати шарқшиносон гуфтанд, ки: «тоҷикон ҳастанд, аммо забони адабӣ надоранд. Ин забони адабие, ки дар вай шоирони гузашта ва ҳозираи Осиёи Миёна шеър мегӯянд, аз они Эрон аст. Бояд дар асоси забони кӯчагӣ барои тоҷикон забони адабӣ аз нав сохта шавад». Дар он вақт бисёр шӯрида, мунозира кардем, аммо онҳо аз қавли худ нагаштанд. Баъд аз он, солҳои 1930 дар Самарқанд конфронс шуд, мо дар пешгоҳи зали маҷлис бо хати ҷалии (равшани) настаълиқ «Тоҷикон забони тоҷикии ҳазорсола доранд ва то имрӯз давом намуда омада баъд аз ин ҳам ба сифати забони адабии советии тоҷик давом хоҳад кард» навишта мондем. Ин масъала дар ин маҷлис ҳам ҳал нашуд, яъне мухолифон даъвои моро қабул накарданд. Баъд аз он дар ҳамон сол дар Истолинобод (Душанбеи имрӯза) конфронсе барпо шуд. Ман бо пруфисур Андриюф дастбагиребон шуда, ҷанг кардам (дар ин ҷанҷолҳо лидер танҳо ман будам ва баъзе касон фақат ба хотирхоҳии ман ба ман ёрӣ медоданд). Баъд аз ин мунозираҳо шарқшиносон, аз ҷумла Бертелс ва Болдируф розӣ шуданд, ки адабиёти тоҷикро аз асри XV-XVI мелодӣ инҷониб дар ҳудуди Мовароуннаҳр қабул намоянд, аммо шоирони гузаштаро тамоман ба Эрон додан хостанд. Мо ба ин суханони бемантиқ гӯш накарда, кори худро давом додем. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Бӯалӣ Сино, Ҳофиз ва дигаронро аз они худ гуфта, навишта баромадан гирифтем. Ман дар охири муқаддимаи Саъдӣ (Китоби «Шайх Муслиҳиддин Саъдӣ Шерозӣ») исбот кардам, ки Саъдӣ худашро тоҷик гуфтааст, аммо маҳз ба хотири оммаи шарқшиносон ман шоиронеро, ки дар Эрон ва Хуросон рӯиданд, «форс-тоҷик» унвон додам…».

Ин номаи муҳим ва воқеаҳои таърихии он солҳо ба мо паём мерасонанд, ки бо аз байн рафтану маҳв гаштани забон миллат завол меёбад, адабу фарҳанги гузаштааш рӯ ба фано меорад. Барои ҳамин ҳам, яъне дидаю дониста дар он солҳо баъзеҳо мавҷудияти забони тоҷикиро инкор мекарданд. Хулосаи дигар аз пасманзари воқеаҳои он солҳо ин аст, ки душмани як сарзамин душмани забони он ҳам будааст.

Ҳамин тавр, бо талошҳои фарзонафарзондони миллат забони тоҷикӣ аз нобудӣ ҳифз шуд. Яъне, забон миллат ва фарзонафарзандони миллат бо баҳои ҷон забонро ҳифз намуданд, ки ин аз хотираи мову таърих набояд пок шавад. Ва ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Насли ҷавони мо бояд огоҳ бошанд, ки ниёкони онҳо сарфи назар аз номеҳрубониҳои таърих то чӣ ҳад дар ҳифзи Ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш, кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд».

Дар замони Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ дигарбора ба тахт нишаст, мақоми давлатӣ гирифт ва барои рушду ғановати он корҳои судманд анҷом ёфт. Аз ҷумла, барномаҳои рушди забони давлатӣ қабул ва амалӣ гаштанд. Соли 2008 дар ҳошияи Ҷашни 1150 — солагии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ «Соли бузургдошти забон» эълон гардид. Ҳоло дар кишвари мо ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад, ки ин ҳам пададаи нек ва эҳтиром ба забон мебошад.

Ифтихори мост, ки Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро ба бонуфузтарин ва бузургтарин минбарҳои ҷаҳон бароварданд. Бо сарфарозӣ ба забони ноби тоҷикӣ паёми сулҳу ваҳдати тоҷиконро ба бани башар расонда, мардуми сайёраро ба сулҳу осоиш даъват намуданд, ки бе муҳобот аз ин амали нек руҳи устод Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва ҳаммаслакони дигарашон, ки барои ҳифз ва истиқлолияти забон, ҳастӣ ва муаррифии миллат талошу ҷоннисорӣ намудаанд, шод хоҳад шуд.

Магар бо ин ҳама вазифаи мо — меросбарони имрӯзаи забон ба охир мерасад? Албатта, не! Дар ин росто муҳимтарин вазифаи мо, имрӯзиён, ин аст, ки забонамонро аз газанди ҷаҳонишавӣ нигоҳ дорем ва бо ғановати бештар, беолоиш ба наслҳои минбаъда бирасонем.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»