Мутаассифона, ин бахш дар мамлакат «бо ҳар ду пой мелангад»
Саноати мошинсозӣ аз соҳаҳои сердаромадтарин ба ҳисоб рафта, ба ташаккули соҳаҳои дигар мусоидат менамояд. Барои фаъолияти дилхоҳ коргоҳ, пеш аз ҳама, техникаву технология зарур аст. Аз ин рӯ, агар истеҳсоли қисмҳои эҳтиётиву дигар таҷҳизот дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад, ҷойҳои кории нав ба вуҷуд меояд ва иқтисодиёт рушд мекунад. Мавҷудияти таҷҳизоти зарурӣ дар дохили ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки маблағи барои воридот сарфмешуда дар дохили кишвар боқӣ монад. Аммо чунин ба назар мерасад, ки имрӯз корхонаҳои ин соҳаи муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таври зарурӣ фаъолият надошта, дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир «бо ҳар ду пой меланганд».
Сармутахассиси Раёсати саноати мошинсозии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилбой Зокиров иброз дошт, ки дар раванди рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ идома додани татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар бахшҳои афзалиятноки он, хусусан саноат, бунёд ва ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар асоси технологияи муосир бо коркарди бештари ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир минбаъд низ ҳадафи асосию афзалиятноки соҳаи мошинсозӣ ҳисобида мешавад. Бояд зикр намуд, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои истеҳсоливу иқтисодӣ гусаста шуд, ба замми ин мушкилиҳои нақлиёт ва транзит садди роҳи фаъолияти корхонаҳои саноати мошинсозӣ гардиданд.
Бино ба гуфти мавсуф, айни замон шумораи корхонаҳои соҳаи мошинсозии ҷумҳурӣ зиёда аз 45 ададро ташкил намуда, дар онҳо тракторҳо ва мошинолоти гуногун, трансформаторҳои гуногуниқтидор, профилҳои алюминийи рӯйпӯшкардашуда, арматураи сохтмонӣ, кунҷакҳои металлӣ, сими металлӣ, ноқилҳои рӯйпӯшкардашудаи тамғаҳои гуногун, плитаҳои барқӣ, лампаҳои каммасрафи люменисентӣ ва диодӣ, аккумуляторҳои автомобил, мехҳои сохтмонӣ, симтӯрҳои металлӣ, якчанд намуд маҳсулоти чӯянӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои неругоҳҳои барқи обии хурду бузург, қисмҳои эҳтиётӣ барои таҷҳизоти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» истеҳсол карда мешавад.
Тавре маълум аст, ҳамагӣ ду даҳсола пеш яхдонҳои «Помир»-и Корхонаи яхдонбарории шаҳри Душанбе аз беҳтаринҳо маҳсуб меёфт. Аммо, имрӯз ин корхона на танҳо шуҳраташро аз даст додааст, балки дигар фаъолият намекунад. Корхонае, ки замоне маҳсулоташро дар ҳама ҷо меҷустанд, имрӯз чун хотира боқӣ мондааст. Комилбой Зокиров дар робита ба ин масъала гуфт, ки давраи шӯравӣ Корхонаи яхдонбарории «Помир» чун комплекси мошинсозӣ ташкил ёфта, иборат аз ҳафт коргоҳ буд ва майдонҳои истеҳсоливу ёридиҳандаи он масоҳати 35 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирифт. Пас аз хусусигардонӣ соҳибмулкон соли 2007 корхонаро ба фурӯш гузоштанд, ки 70 фоизи он аз тарафи ширкати «Омега Инвест»-и Ҷумҳурии Қазоқистон харидорӣ шуд ва аз тарафи соҳибмулкони нав он Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Помир-Холод» номгузорӣ гардид. Сармоягузорони қазоқӣ зимни харидории корхонаи мазкур мақсад гузошта буданд, то дар майдонҳои он маркази таъмиру савдои мошинҳои борбардор, кӯҳкан ва боркаши калонҳаҷмро (технопарк) ташкил намуда, ҷойҳои кории нав таъсис диҳанд. Мутаассифона, бо гузашти зиёда аз ҳафт сол дар корхона танҳо таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, дастгоҳу таҷҳизоти боқимонда, бинобар куҳнаю корношоям гардиданашон, пурра «демонтаж» карда шуданд.
Ахиран коргоҳҳои бекорхобидаро соҳибмулкони нав ба соҳибкорони хитойӣ ба иҷора додаанд ва ҳоло онҳо дар ин коргоҳҳо пораву партовҳои металлҳои сиёҳро коркард намуда, кунҷакҳои металлии андозаашон гуногун истеҳсол намуда истодаанд. Як қисми майдонҳои бекорбударо соҳибкорони маҳаллӣ ба иҷора гирифта, хишти сементӣ истеҳсол мекунанд.
Корхонаи дигаре, ки замоне ба истеҳсоли автобус, ядакҳо ва таъмиру тармими автомобилҳо машғул буду фаъолияти пурсамар дошт, Заводи автомобилбарории «Хуҷанд-ЗиЛ» мебошад. Тавре маълум аст, вақтҳои охир фаъолияти ин корхона низ назаррас нест. Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати корхонаи фавқуззикр иттилоъ доданд, ки он соли 1945 ҳамчун маркази таъмири автомобилҳо ташкил гардида буд. Соли 1959 ба сехи таъмири автомобилҳо (АРС) табдил дода шуд, ки ба таъмири техникаҳои автомобилҳои тамғаи ГАЗ-51, ЗИС-150, тракторҳои С-80, С-100, экскаваторҳои Э — 302 машғул буд. Соли 1959 барои кашонидани одамон истеҳсоли мунтазами автобусҳои тамғаи «Тоҷикистон» дар асоси автобуси КАГ-3 ва истифодаи шассиҳои ГАЗ-51 оғоз гардид. Соли 1960-ум 112 адад автобус истеҳсол шуда буд. Ғайр аз ин, истеҳсоли ядакҳо (присепҳо), нимядакҳо, систернаҳо барои кашонидани моеъҳо низ ба роҳ монда шуда буд.
Соли 2000 Корхонаи муштараки «Хуҷанд-ЗиЛ» ба ҶДММ КАЧ КМ «Хуҷанд-ЗиЛ» табдил ёфт. Корхонае ташкил ёфт, ки 53 фоизи саҳмияҳо ба заводи «Фулузоти нодири Тоҷикистон» («Востокредмет») ва 47 фоизи он ба заводи «АМО-ЗиЛ»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия тааллуқ доранд. Мувофиқи нақша бояд ҳар сол дар ин коргоҳ то 500 автобуси тамғаи ЧАЗ, ядакҳо ва нимядакҳои автомобилҳои махсус истеҳсол ва таъмири капиталии муҳаррикҳо ва агрегатҳо ташкил карда мешуд. Харидори асосии автобусҳо Федератсияи Россия ба ҳисоб мерафт. Бо сабабҳои молиявӣ содироти автобусҳо ба Федератсияи Россия ғайриимкон гашта, воридоти шассиҳо барои истеҳсоли автобусҳо аз Федератсияи Россия қатъ гардид. Гаронии нарх боис гардид, ки автобусҳо ба фурӯш нарафтанд.
Имрӯз корхона бо истеҳсоли ядакҳо барои автомобилҳои сабукрав ва таъмири нақлиёт машғул аст. Истифодаи иқтидорҳои ин корхона ҳамагӣ даҳ фоизро ташкил медиҳад.
Соли 2006 бо мақсади рушди ҳамкориҳо, ташкили истеҳсоли тракторҳо ва мошинолоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дар асоси шартномаи байни ҶСШК «Ҳумо»-и шаҳри Душанбе ва ширкати «Тракторсозии Эрон»-и шаҳри Табрез, Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи «ТоҷИрон»- таъсис дода шуд. Аммо фаъолияти ин корхона низ муассир нест. Корхонае, ки иқтидори ҷамъу васли 2100 тракторро дар як сол дорад, давоми ҳашт соли фаъолияташ ҳамагӣ 264 трактор истеҳсол намудааст, ки ба ҳисоби миёна дар як сол ба 33 адад рост меояд. Директори генералии ҶМСП «ТоҷИрон» Наврӯзифар Асғар иброз дошт, ки тракторҳои истеҳсоли ҶМСП «ТоҷИрон» нисбат ба тракторҳои истеҳсоли Беларус камхарҷтар мебошанд. Сабаби камтар таваҷҷуҳ доштани деҳқонон ва хоҷагидорон ба тракторҳои ҶМСП «ТоҷИрон»-ро масъулини корхона ба надоштани маълумот дар бораи тарзи таъмири онҳо марбут медонанд. Бино ба гуфти Наврӯзифар Асғар, тракторҳои истеҳсоли Беларус ва Федератсияи Россия даҳсолаҳост, ки дар Тоҷикистон истифода мешаванд ва барои таъмири онҳо устоҳо душворие намекашанд. Ғайр аз ин, ширкатҳои воридкунандаи трактор ва дигар мошинолоти соҳаи кишоварзӣ онро тариқи лизинг ба хоҷагидорон пешниҳод менамоянд. ҶМСП «ТоҷИрон» бошад, маҳсулоташро якбора, яъне бо пардохти пурраи маблағ мефурӯшад, ки ин ҳам як сабаби камтар таваҷҷуҳ кардан ба он мебошад.
Сабаби дигари камтар таваҷҷуҳ кардан ба тракторҳои ҶМСП «ТоҷИрон»-ро масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нисбатан гарон будани нархи он рабт доданд. Комилбой Зокиров изҳор дошт, ки аз оғози фаъолият нархи трактори тамғаи ҶМСП «ТоҷИрон 285 2 WD» 15959 доллари ИМА- ро ташкил дода, баъдан ба 20416 доллари ИМА баробар шуд. Ин омил боиси суст шудани фаъолияти истеҳсолӣ ва аз даст додани бозори фурӯши маҳсулот гардид. Дар ин давра нархи тракторҳои тамғаи Беларус 82.1 2 WD-и истеҳсоли Ҷумҳурии Беларус дар бозори дохилӣ ба 16 000 доллари ИМА ва тракторҳои тамғаи Беларус 82.1 4 WD ба 17 000 доллари ИМА баробар буданд.
Дар асоси тағйиру иловаҳои ба қонунгузорӣ воридгардида, қисмҳо ва ҷузъҳои алоҳидае, ки барои ҷамъу васлкунии тракторҳо ва дигар мошинолоти кишоварзӣ ҶМСП «ТоҷИрон» ворид менамояд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд.
Дар натиҷа, имрӯз нархи трактори тамғаи ҶМСП «ТоҷИрон 285 2 WD» ба 13800 доллари ИМА ва ҶМСП «ТоҷИрон 285 4 WD» ба 17500 доллари ИМА баробар шудааст.
Ҳамсуҳбатам дар идома афзуд, ки ҳарчанд аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини фаъолияти корхона чораҳои зарурӣ андешида шудааст, аммо муассисони ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон то ҳол баҳри паст намудани нархи қисмҳои воридшаванда ва рушди истеҳсолии он чора наандешидаанд. Аммо, бино ба гуфти сармуҳандиси ширкати ҶМСП «ТоҷИрон» Даврон Пайков, баъди озод шудани воридоти қисмҳо ва ҷузъҳои алоҳида аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, маблағи фоида 4700 доллари ИМА-ро аз истеҳсоли як трактор ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон низ иқдоми хуб нишон дода, нархи тракторҳоро 5450 доллари ИМА арзонтар кард.
Шурӯъ аз соли 2005-ум дар заминаи корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, корхонаҳои коркарди пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга таъсис ёфтаанд, ки шумораашон ба 38 адад расидааст. Корхонаҳои мазкур аз партовҳои металлӣ асосан арматураи сохтмонӣ, кунҷакҳои металлӣ, симҳои металлӣ, шкифҳои алюминӣ ва ғайра истеҳсол намуда истодаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин корхонаҳо, ки фаъолияташон мавсимӣ аст, солона то ба 25 млн. сомонӣ мерасад. Ғайр аз ин, дар ин муддат чандин коргоҳҳои бузурги дигар сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар пешрафти соҳа ҳиссагузор мебошанд. Барои мисол, метавон ҶСП «Регаркабел»-ро ном гирифт, ки соли 2002 барои истеҳсоли ноқилҳои гуногунтамға бо истифодаи технологияи муосири олмонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуда, дар як сол 4000 тонна алюминийи аввалияро коркард менамояд. Он яке аз корхонаи калонтарини истеҳсолкунандаи ноқилҳо дар ҷумҳурӣ ба шумор рафта, соле ба маблағи 45 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Ҳастанд корхонаҳое, ки пас аз бунёд шудан ва як муддат фаъолият кардан ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ гардида, баъзеашон бо иқтидори ниҳоят кам маҳсулот истеҳсол намуда, як қисмашон пурра аз фаъолият бозмемонанд. Масалан, соли 2011 дар заминаи ҶДММ «Интерфер»-и шаҳри Душанбе аз тарафи ҶДММ «ТОК» истеҳсоли аккумулятор ба роҳ монда шуда буд. Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки иқтидори корхона истеҳсоли 15 ҳазор адад аккумулятор дар як сол буда, ҳангоми зиёд шудани талабот то ба 45 ҳазор адад расонида мешавад. Дар корхона панҷ намуд аккумуляторҳо-СА-60, СА-75, СА-120, СА-140 ва СА-190 барои автомобилҳои гуногунтамғаи сабукрав ва боркаш истеҳсол карда мешавад. Аммо директори тиҷоратии корхонаи мазкур Комил Холиқов зимни суҳбат иброз дошт, ки корхона айни ҳол бо иқтидори пуррааш фаъолият надошта, дар асоси шартнома бо КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ҶСК НБО «Роғун», заводи троллейбус ва дигар корхонаҳо маҳсулот истеҳсол менамояд. Мавсуф афзуд, ки бинобар сабаби қиматтар будан аккумуляторҳои истеҳсолкардаи онҳо дар бозор рақобат карда наметавонад.
Заводи трансформатори шаҳри Қӯрғонтеппа, ки замоне аз корхонаҳои муҳим ба ҳисоб мерафт, имрӯз бо иқтидори пуррааш фаъолият намекунад. Боиси таассуф аст, корхонае, ки замоне зиёда аз 1300 нафар коргар дошту миқдори истеҳсоли трансформаторҳо дар як сол 7000 ададро ташкил медод, имрӯз ҳамагӣ 136 нафар коргар дораду соли 2013 ҳамагӣ 120 трансформатор истеҳсол намудааст. Бино ба гуфти муовини директори ҶСК «Трансформатор» Абдузоҳид Халилов, корхонаи мазкур айни ҳол ба таъмиру тармими трансформаторҳо машғул буда, дар ҳолати дархост шудан трансформаторҳои гуногун истеҳсол менамояд. Харидори асосии маҳсулоти корхона ШСХК «Барқи Тоҷик» мебошад. Ин дар ҳолест, ки замони шӯравӣ трансформаторҳои истеҳсоли ин корхонаро аксари давлатҳои Аврупо харидорӣ менамуданд.
Ҳолати имрӯзаи корхонаи зикршуда нишон медиҳад, ки аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор барои рушди бозори он таваҷҷуҳ ва дастгирӣ зоҳир нашудааст, вагарна дар ин муддат Тоҷикистон ба кишвари содиркунанда табдил меёфт.
Аз барқароршавии сулҳу суботи сартосарӣ наздики 20 сол сипарӣ мешаваду ҳоло ҳам баъзе корхонаҳои саноатӣ «ба по рост» шуда наметавонанд. Ин дар ҳолест, ки имрӯз барои ривоҷи кор тамоми заминаҳо мавҷуданд ва бо кӯшиши андак метавон муваффақ шуд. Ё интизор мешавем, ки боз ҳам Президенти кишвар барои корхонаҳои аз кормонда сармоягузор пайдо намояд? Вазорату идораҳои дахлдорро мебояд, ки пайи рушди корхонаҳои муҳими ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла саноати мошинсозӣ ҷидду ҷаҳд намоянд, вагарна дар солҳои наздик аксари корхонаҳои соҳаи зикршуда моли таърих хоҳанд шуд!
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»