Ҷаноби Олӣ,
Сарфарозам Шуморо ба муносибати 75-солагии таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин самимона табрик намоям. Мо аз пешрафту суботи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ҳамсояи наздик ва шарики боэътимоди мо дар арсаи байналмилалӣ мебошад, беандоза шодем.
Аз ҳолати имрӯзаи тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин ва ҳамкории созандаи барои ҷонибҳо судманд изҳори қаноатмандӣ менамоем.
Итминони комил дорам, ки ҳамкории байнипарламентии ду кишвари дӯст минбаъд низ густариш ёфта, ба манфиатҳои аслии мардумони мо хизмат хоҳанд кард.
Ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Чин равнақу шукуфоии минбаъдаро орзу менамоям.
Бо эҳтиром,
Рустами Эмомалӣ