Мусоҳибаи мо

Ҳадафи ман ободу зеботар шудани Фархори бостонист

№134-135 (3280-3281) 15.11.2014

-мегӯяд раиси ноҳияи Фархор Раъно Раҳимзода

МУАРРИФИНОМА

Раъно Раҳимзода 29-уми ноябри соли 1964 дар шаҳраки Фархор дар оилаи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба дунё омадааст. Соли 1982 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10-и шаҳракро бо медали тилло, солҳои 1988 факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва 2011 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) бомуваффақият хатм кардааст.

Дар мактаби хатмкардааш ба сифати муаллимаи забону адабиёти тоҷик ва директори мактаб кор кардааст. Аз соли 2003 то соли 2013 муовини раиси ноҳияи Фархор буд. 27- уми ноябри соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Фархор таъин гардид.

    Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад.

Бо мукофоти давлатӣ — Медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардидааст.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.

-Аз далелу арқоми оморӣ бармеояд, ки нишондиҳандаҳои фаъолият дар ҳама соҳаҳо қаноатбахшанд…

-Дуруст гуфтед.Зикр бояд кард, ки асоси иқтисодиёти ноҳияро соҳаи кишоварзӣ ташкил мекунад. Деҳқонони соҳибтаҷрибаи мо имсол дар майдони 10150 гектар пахта, 13297 гектар ғалладонагиҳо, 205 гектар шолӣ, 382 гектар пиёз, 45 гектар сабзӣ, 87 гектар ҷуворимакка, 634 гектар картошка, 1437 гектар сабзавот, 539 гектар полезиҳо кошта,  ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Дар майдони 5777 гектар кишти такрорӣ гузаронидем. Ҳамин тариқ, кишти зироатҳои кишоварзӣ,  дар маҷмӯъ, ба 28463 гектар расид, ки деҳқонон дар ҳаҷми 446255 ҳазор сомонӣ соҳиби фоида гардиданд. Айни ҳол маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта идома дорад. Хотирнишон карданиам, ки деҳқонони мо миёни ноҳияҳои пахтакори минтақаи Кӯлоб аз ҳама зиёд кишти пахта гузарониданд. То фарорасии рӯзҳои боронӣ ноҳия дар ҷадвали маъракаи ҷамъоварии ҳосил  дар сафи аввал қарор гирифта буд. Мутаассифона, вазъи номусоиди ҳаво ба суръати маъракаи ҳосилғундорӣ латма ворид намуд. Сарфи назар аз мушкилиҳои пешовардаи табиат, мақсад дорем, ки рӯзҳои наздик нақшаи дурнамои ҷамъоварии пахтаро, ки 22934 тоннаро ташкил мекунад, иҷро намоем.

Барои таваҷҷуҳ нуктаи дигареро ёдрас карданиам, ки тӯли се-чор соли охир сокинони минтақаро бо маҳсулоти барвақтию полезӣ маҳз деҳқонони фархорӣ, бахусус хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Ғалаба», «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ва «Ватан» таъмин карда истодаанд.

Соли ҷорӣ дар доираи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014» дар майдони 165 гектар боғ бунёд гардид, ки дар натиҷа нақшаи Барнома ба ҷойи 1000 гектари пешбинишуда ба андозаи 1165,8 гектар иҷро карда шуд. Ҳамзамон бо қувваи кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор дар мавзеи Сиёҳкӯҳ дар майдони 65 гектар боғҳои гуногун, аз ҷумла 20 гектар писта ва 14,6 гектар бодом  бунёд ёфт. Инчунин дар мавзеи мазкур дар масоҳати 200 гектар кишти растаниҳои шифобахш гузаронида шуд.

Солҳои охир соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва моҳипарварӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, то имрӯз 33,6 тонна асал ва 22 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбати солҳои қаблӣ хеле зиёданд.

Дар соҳаи саноат ва сохтмон ҳам тағйироти чашмрас ба амал омад. Корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 44123,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки 1890 тонна нахи пахта, 6997,3 тонна орд, 462,5 тонна  равғани растанӣ ва 677,2 тонна маҳсулоти нонӣ аз ҳамон номгӯанд.

Дар ин давра 35 иншооти хурду калон, аз қабили мактабҳо, синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои саломатӣ ва наздик ба 100 адад иншооти хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ   қарор дода шуданд. Ба наздикӣ тавассути маблағгузории Бонки рушди Ҷумҳурии Федеративии Германия таъмири асосии шуъбаи таваллудхонаи бемористони марказӣ, сохтмони биноҳои макотиби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и деҳаи Арчаи деҳоти «Деҳқонариқ» ва рақами 41-и деҳаи Чоргули деҳоти «Зафар» бо кумаки  Бонки Саудии Рушд ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон пурра ба анҷом расонида шуданд.

-Аксари сохтмонҳои номбурдаи шумо тавассути маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дастгирии созмонҳои байналмилалӣ бунёд гардидаанд. Оё соҳибкорони маҳаллӣ низ ба бунёди чунин иншоот ҷалб шудаанд?

-Давоми соли 2013 ва соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия 35 иншоот бунёд гардид, ки қисмати зиёди онҳо мансуб ба соҳибкорони маҳаллианд. Зодаи ноҳия Диловар Муҳиддинов, ки солҳо боз дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунад, дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и деҳаи Тоҷикистони деҳоти «Ғайрат» бо сарфи зиёда аз 2 миллион сомонӣ бинои дуошёнаи хуштарҳеро муҷаҳҳаз бо ҳама ашёҳои  таълимӣ сохта, онро дар ҳузури Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ихтиёри хонандагони деҳаи азизи худ вогузор намуд. Ба ҳамин монанд соҳибкори дигар Раҳмат Қурбонов бо сарфи 832 ҳазор сомонӣ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38-и деҳоти «Ғайрат»-ро таври замонавӣ таъмиру бозсозӣ намуд. Дар ҳамин радиф як гурӯҳи соҳибкорони маҳаллӣ дар се мактаб барои 330 ҷойи нишаст синфхонаҳои иловагӣ сохтанд. Тамоми корхонаҳои саноатии солҳои охир бунёдёфта маҳз бо саҳму неруи  соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудаанд. Соли равон дар деҳаи Саховати деҳоти «Зафар» аз ҷониби соҳибкор Акбаршоҳ Неъматов ба маблағи 27,5 миллион сомонӣ корхонаи ресандагӣ ва бо ташаббуси Анвариддин Шарифов дар маркази шаҳраки Фархор бо истифодаи 4,5 миллион сомонӣ меҳмонхона-чойхонаи миллӣ бунёд шуда истодааст, ки рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Айни ҳол дар деҳаи Тоҷикистони деҳоти «Ғайрат» бо талоши соҳибкор Диловар Муҳиддинов сохтмони маркази саломатӣ ва таваллудхона идома дорад. Баробари ин, ӯ азм намудааст, ки даҳ километр роҳи 25- километраи Фархор-Сомончиро мумфарш намояд. Ташаббуси навбатии  ин марди баномусро соҳибкорони дигар, амсоли Ғуломалӣ Бояков, Қурбон Раҳматов, Акбаршоҳ Неъматов, Ғафур Муродалиев, Бекмурод Шарифов ва Ҷамшед Ятимов дастгирӣ  карда, қавл доданд, ки 15 километр роҳи боқимондаи онро мумфарш созанд. Хотирнишон карданиам, ки қабл аз оғози таъмири ин роҳ, мо корхонаҳои шағалу асфалтбарории мансуб ба Диловар Муҳиддиновро мавриди истифода қарор дода будем. Дар нақша аст, ки бо қувваи соҳибкорон дар маркази шаҳраки Фархор ду бинои ҳафтқабатаи 30 ҳуҷрадор ва фабрикаи риштабарорӣ барои 300 ҷойи корӣ бунёд намоем.

Чанде қабл  дар деҳаи Муҳоҷирободи деҳоти «Дарқад» бо ташаббусу маблағгузории зодаи деҳа Исроил Маҳмадалиев боғчаи зебову замонавие бо номи «Гулфар» ба фаъолият шурӯъ намуд. Айни ҳол соҳибкор Хуршед Нозимов ба маблағи беш аз 17 миллион сомонӣ мактаб бунёд карда истодааст, ки дар як басти он 1640 хонанда ба таълим фаро гирифта мешавад.

  -Хуб мешуд, сари ин мавзӯъ низ чанд сухан гӯед, зеро мактабу боғча муассисаҳои ояндасозанд…

-Алҳол дар ноҳия шаш муассисаи томактабӣ фаъолият мекунад, ки боғчаи рақами 4-и деҳаи Марғзори деҳоти «Ғалаба» дари худро ба рӯи наврасон ба наздикӣ кушод. Дар деҳоти «Фархор», «Деҳқонариқ», «Ғайрат» ва «Зафар» низ ҷиҳати таъсиси боғчаҳои доимоамалкунанда корҳои мушаххас  рафта истодаанд.

Дар ноҳия 73 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки ба 32365 нафар хонандагону тарбиятгирандагони  онҳо 1958 нафар омӯзгорону мураббияҳо таълим медиҳанд. Шумораи гимназияву литсейҳоро ба чор адад расонидем. Мудири шуъбаи маориф Ғазалшоҳ Сафарзода воқеан ҳам  ҷавони ташаббускору серғайрат буда, давоми фаъолияти худ кори таълиму тарбия ва таъмиру азнавбарқароркунии биноҳои мактабҳоро хуб ба роҳ мондааст. Ташаббусҳои ӯро мудом дастгирию ҷонибдорӣ мекунем. Ҳоло дар назди шуъбаи маориф нашрияи соҳавии «Минбари омӯзгор» фаъолият мекунад, ки моҳе ду маротиба бо мазмуну сифати баланд дастраси омӯзгорон мешавад. Имсол бо мақсади рӯҳбаландии хонандагони лаёқатманд бо қарори раиси ноҳия медали «Соҳибватан» таъсис дода шуд.

-Фархор дар вилояти Хатлон ноҳияе маҳсуб меёбад, ки сокинонаш ба рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ таваҷҷуҳи хос доранд. Тӯли чор- панҷ соли охир худ шоҳидем, ки сокинони ноҳия дар маъракаи обуна миёни шаҳру навоҳии вилоят фаъоланд. Ин сифати шоиставу ибратомӯзи фархориёнро чӣ гуна арзёбӣ кардан мумкин аст?

-Ин нишонаи фарҳанги баланди онҳост. Ҳамасола танҳо ба рӯзномаи ноҳиявии «Гулистон»  ҳудуди  3,5 то 4 ҳазор муштариён обуна мешаванд. Ду сол қабл шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон вобаста ба таҷрибаи пешқадами рӯзномаи мазкур семинар — машварат баргузор намуд, ки дар он сармуҳаррирони нашрияҳои шаҳру навоҳии вилоят иштирок ва ба фаъолияти он баҳои баланд дода буданд.

-Давоми суҳбат назарам ба ин китоби хушмуқоваи рӯи мизи шумо бархӯрд, ки муаллифаш Раъно Мирзоева сабт ёфтааст.Ин чӣ китоб аст?

-Ин рисолаи илмии банда бо забони русист, ки ибтидои соли равон бо унвони «Личность, компетентность и профессионализм молодых учителей в новых условиях» ба нашр расид.Солҳои зиёд омӯзгору директор ва даҳ соли охир муовини раиси ноҳия оид ба маънавиёту иҷтимоиёт будам. Омӯзгорӣ касби бузургу муқаддас аст. Бо бурду бохти он дар шароити нав хуб ошно ҳастам.Фидоиёни асили ин касб ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ шароит аз он дилканданӣ надоранд.

Таассуфовар ҳаст, ки аксар ҷавононамон баъди хатми донишгоҳ аз пешаи омӯзгорӣ ор мекунанд. Бо мақсади дарки хубтари масъулият таъкид карданиам, ки аз муаллим шахсони бомаърифату обрӯманди ҷамъият ба камол мерасад.

-Дар суҳбат бештар сари дастовардҳо ва ташаббусҳои созанда андешаронӣ намудем. Аз мушкилоту камбудиҳо чанд сухан мегуфтед?

-Мушкили асосие, ки мо имрӯз онро мувоҷеҳ ҳастем, иҷро нагаштани нақшаи ҷамъоварии андоз мебошад.Баҳри рафъи он тадбирҳои зиёде андешида шуданд ва таҳлилҳо нишон доданд, ки зимни тарҳрезии лоиҳаи буҷет ва қабулаш аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба саҳлангорию шитобкорӣ роҳ дода шудааст. Лоиҳаи навро барои соли 2015 омода карда  истодаем ва барои барзиёд иҷро намудани нақшаи андоз сарчашмаҳои навро пайдо кардем. Мақсад дорем нақшаи ҷамъоварии андозро дар соли оянда на камтар аз 120 фоиз иҷро намоем, зеро хуб медонем, ки ҷамъоварии саривақтию босифати он асоси  рушди хоҷагии халқи ноҳия мегардад.

Мусоҳиб Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,  «Садои мардум»