Дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Буҷети давлатӣ заминаи устувори ҳаёти босубот ва таъминкунандаи рушди иқтисодиёт аст

№134-135 (3280-3281) 15.11.2014

DSC_0956

13 ноябри соли ҷорӣ ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия роҷеъ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016-2017» баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон Назира Ғафорова, Мирганд Шабозов, вакилони Маҷлиси намояндагон, масъулини вазорату идораҳои марбута иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов ҷаласаро ифтитоҳ намуда, суханро ба муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амиршо Миралиев дод. Мавсуф минҷумла чунин гуфт:

- Боиси зикр аст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016-2017» дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» таҳия гардидааст.

Дар таҳияи Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, афзалиятҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014, вохӯриҳояшон бо намояндагони аҳли ҷомеа зикр гардидаанд ва инчунин вазифаҳое, ки аз Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018 ва дигар қарору барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дархостҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Буҷети давлатӣ аз рӯи ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла даромадҳои ҷорӣ, грантҳо ва қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ, қарзҳои дигари давлатӣ ва инчунин маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ташаккул ёфтааст.

Сиёсати Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани афзалиятҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бехатарии озуқаворӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва рушди иқтисодиёт равона карда шудааст.

Дар таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ аз рӯи афзоиши реалӣ ба андозаи на камтар аз 7,2 фоиз ба маблағи 52 миллиарду 821 миллион сомонӣ, индекси дефлятор – 6,3 фоиз, меъёри таваррум – 7,5 фоиз ва қурби миёнаи солонаи асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 5,00 сомонӣ муайян карда шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015-ум 15 миллиарду 278,4 миллион сомонӣ ё 28,9 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ пешбинӣ гардидааст, ки он нисбат ба соли 2014 ба андозаи 9,9 фоиз ё 1 миллиарду 377,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 15 миллиарду 542,5 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 29,4 фоизро ташкил медиҳад ва нисбат ба хароҷоти соли 2014-ум ба андозаи 9,9 фоиз ё 1 миллиарду 399,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ, бо дарназардошти хароҷотҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, дар соли 2015-ум 8 миллиарду 582,3 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2014-ум 917,1 миллион сомонӣ ё 11,9 фоиз афзоиш ёфта, 55,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 16,2 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил медиҳад.

Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2015 аз рӯи даромад ба маблағи 2 миллиарду 314,1 миллион сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 2 миллиарду 379,1 миллион сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 65 миллион сомонӣ пешбинӣ мегардад. Касри буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ пӯшонида мешавад.

Дар соли 2015 касри буҷети ҷорӣ нисбати Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ – 0,5 фоиз ё 264,1 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Касри зикршудаи буҷет аз ҳисоби хусусигардонии моликияти давлатӣ ва маблағҳои қарзии имтиёзнок пурра карда мешавад.

Нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 давоми мантиқии лоиҳаи Буҷети давлатии соли 2015 мебошад.

Дар соли 2016 ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ бо афзоиши реалии 7,2 фоиз 60,1 миллиард сомонӣ ва дар соли 2017 бо афзоиши реалии 7,4 фоиз 68,4 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки афзоиши миёнаи солонаи номиналии он 13,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар робита ба ин, соли 2016 ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ зиёда аз 17320,8 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба 28,0 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар мебошад.

Дар соли 2017 бошад, ҳаҷми умумии даромадҳои Буҷети давлатӣ ба 18856,4 миллион сомонӣ баробар мегардад, ки ба 27,0 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар мебошад.

Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ  дар соли 2016 ба маблағи 17621,2  миллион сомонӣ пешбинӣ  шудааст, ки ба 29,3 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар буда, ҳаҷми он дар соли 2017-ум 19198,4 миллион сомонӣ пешбинӣ  шудааст, ки ба 28,1 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар мебошад.

Бо мақсади таъмини саривақтии иҷрои Буҷети давлатӣ барои соли 2015 ва маблағгузории пурраи чорабиниҳои дар он пешбинишуда зарур мешуморем, ки  вазифаҳои зерин амалӣ карда шаванд:

- таъмини рушди устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла: афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, дар робита ба ин таъмин намудани рушди иқтисодиёт, самаранокии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, хоҷагии қишлоқ, хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна;

- баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги андозсупорандагон, дуруст ба роҳ мондани маъмурикунонии андозҳо, васеъ намудани заминаи андозбандӣ ва дар ин асос зиёд кардани даромади буҷет;

- суръат бахшидан ба ислоҳот дар бахшҳои идоракунии самараноки молияи давлатӣ, ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузории соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ вобаста ба таъмини рушди ин соҳаҳо  ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии шаҳрвандон;

- таъмини устувории бозори молиявӣ ҷиҳати нигоҳ доштани сармоягузории ватанию хориҷӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳои дарозмуддат;

- дар дараҷаи муайян нигоҳ доштани қарзҳои берунӣ ва сари вақт хизматрасонии онҳо дар доираи амалӣ гардонидани Стратегияи идоракунии қарзҳои давлатӣ.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016-2017» дар шакли пешниҳодгардида метавонад минбаъд заминаи устувори моддии ҳаёти босуботи иҷтимоию сиёсӣ ва таъминкунандаи рушду нумӯи иқтисодии кишварамон гардад, — гуфт дар фарҷоми суханрониаш муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва молия Сафаралӣ Гулов зимни суханрониаш лоиҳаи мазкурро шарҳ дода, гуфт, ки он бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид ва дар навбати худ Шӯрои Маҷлиси намояндагон  онро бо қарори худ аз 3 ноябри соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ ҳамаи захираҳои молиявии давлатӣ, аз ҷумла маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ 1863,0 миллион сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 738,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Даромадҳои ҷории Буҷети давлатӣ, бе дарназардошти грантҳо, барои соли 2015 ба маблағи 12534,2 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбати нақшаи соли 2014-ум 1468,7 миллион сомонӣ ё 13,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ дар соли 2015 барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисодиёт диққати махсус дода шуда, соли 2015 аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар 4285,9 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба 8,1 фоизи ММД баробар мебошад.

Соли 2015 ҳаҷми умумии даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар ҳаҷми 4529,4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбати Буҷети давлатии соли 2014-ум 14,7 фоиз ё 580,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» хулосаи таҳлилиро пешниҳод намудааст, ки он қобили таваҷҷуҳ буда, ҷиҳати боз ҳам мукаммал намудани механизмҳои банақшагирии Буҷети давлатӣ равона гардидааст.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмили он 11 таклифу  дархост пешниҳод намуданд, ки 8-тоаш қабул ва 3-тоаш қабул нашуданд, — суханашро хулоса намуд Сафаралӣ Гулов.

Доир ба масъалаи мавриди баррасӣ вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдусалом Қурбонов, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷон Ҷабборов, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Маҳмадов, сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Зарипов, раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов ва сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Ҷаборзода таври мухтасар ибрози назар карданд.

Дар фарҷом оид ба масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул гардид.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум».

Суратгир А.ИСОЕВ