Даъвати ҳарбӣ - 2024

Сафи ихтиёриён рӯз ба рӯз меафзояд

№120 (4860) 07.10.2024

photo_2024-10-01_11-56-46Якуми октябри соли равон бахшида ба оғози маъракаи  даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид. Ба ин муносибат дар тамоми шаҳру ноҳияҳо барномаҳои фарҳангӣ пешкаши ҳозирин шуд.

Инчунин, ба  наваскароне, ки курсҳои ронандагию кафшергарии  Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа»-ро хатм намуданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва кафшергари барқӣ супорида шуд.

Дар шаҳри Душанбе зимни баргузории чорабинии бошукӯҳ  ҷавонони синни даъватии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини  сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони масъули Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва волидайни даъватшудагон иштирок намуданд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода иброз намуд,  ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар ҷавонмард ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат бобати фароҳам овардани шароити беҳтар барои сарбозону афсарон тадбирҳои мақсаднок меандешад. Бояд гуфт, ки имрӯз   аксари ҷавонони тоҷик ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ барои иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ҳозир мешаванд.

- Дар ин маъракаи муҳим эҳсос гардид, ки ҷомеа, хусусан ҷавонон, ташаббуси волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба маъраз гузоштанд, — изҳор намуд ӯ.

Дар шаҳри Хоруғ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба ҳамаи даъватшавандагон ва волидайни онҳо барои дар як рӯз иҷро кардани нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд. Соли ҳафтум аст, ки ҷавонони ватандӯст ва далери вилоят нақшаи даъвати баҳорию тирамоҳиро дар рӯзи аввал иҷро намуда, ихтиёрӣ ба хизмати Ватан роҳсипор мегарданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда дод, ки бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ вилояти Хатлон нақшаи даъватро дар рӯзи аввал сад фоиз иҷро кард.

Дар рӯзи аввал, инчунин, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ноҳияи Файзобод аз иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ мужда доданд.

Дар вилояти Суғд дар рӯзи якум танҳо ноҳияи Шаҳристон нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро намуд.

Ҳамин тариқ, дар «Рӯзи даъватшаванда» 40 шаҳру ноҳияи кишвар нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро иҷро намуд, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад.

Тибқи  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2024 таҳти №856 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба хизмати ҳарбӣ» моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин, шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки бо дастури Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоид барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Бинобар фароҳам омадани шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шумораи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ рӯз ба рӯз меафзояд.

Маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол якуми октябр оғоз шуда, то сиюми ноябр идома меёбад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

Сулаймон СУЛТОНОВ,

Машҳур ИМОМНАЗАР,

Исломи РАҶАБАЛӢ,

Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»