4-уми октябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки таҷлили ин санаи таърихӣ ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 иртибот дорад.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он пайваста тадбирҳои муассир андешида, барои пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми заминаҳоро фароҳам овардааст, — афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон Ҳаёт Одинаев, Муҷибахон Ҷавҳарӣ ва муовини сардори шуъбаи кадрҳо ва коргузории махсуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Занҷирамо Нуруллозода дар назди ҳозирин маърӯза намуда, иброз доштанд, ки вакилони мардумӣ бояд дар баробари аҳли илму қалам парчамбардори забону фарҳанги миллати худ бошанд, барои рушду таҳкими бештари забони модарӣ аз тамоми имконот истифода карда, ҳифзу густариши онро дар сатҳи давлатӣ таъмин намоянд. Барои расидан ба ин ҳадаф дар қадами аввал ба татбиқи пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардад.