Оғози сафари корӣ дар Федератсияи Русия

№121 (4861) 10.10.2024

54048808582_8bc934486c_b7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.