ВМКБ. Парвозҳои ҳавоӣ барқарор гардид

№ 07.10.2024

парвоз Машхур 300924Дар заминаи дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз 30 сентябри соли равон Ширкати ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» парвозҳоро дар масири «Душанбе-Хоруғ-Душанбе» эҳё намуд.

Ҳоло парвоз дар ин хатсайри ҳавоӣ давоми як ҳафта се маротиба, яъне рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе тавассути ҳавопаймои «АН-28» сурат мегирад. Нархи чипта дар як самт 900 сомонӣ буда, мусофирон имкон доранд, ки чиптаҳои парвозро аз нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои «Тоҷик Эйр» дастрас намоянд. Вақти парвоз аз Душанбе то Хоруғ 1 соату 10 дақиқаро ташкил медиҳад.

Тавре мудири бахши таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси ВМКБ Кишвар Амиршоев иттилоъ дод, ҳоло парвози аввалини ҳавопаймои «АН-28» дар хатсайр оғоз шуда, ҷиҳати дастрасу харидорӣ намудани чиптаҳои ҳавоӣ шаҳрвандон метавонанд бо телефони боварии 93 429 54 00 бо масъулин тамос гиранд.

Парвоз дар хастайри ҳавоии мазкур ба вазъи боду ҳаво сахт марбут аст. Ёдрас мешавем, ки алоқаи ҳавоӣ дар ин хатсайр се сол қабл қатъ шуда, акнун бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав барқарор гардид.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»