12 ноябри соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давъати чорум бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»
2.Оид ба Созишнома дар бораи махсусгардонии бисёрҷонибаи байнидавлатии истеҳсол ва таҳвили тухмии навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, кӯчату ниҳолҳои меваю буттамева ва ток
3.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»
4.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ»
5.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»
6.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»
7.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот».
РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна дода мешавад.
Меҳринамо ҶОНМАМАДОВА:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» пешниҳод мегардад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани як адад дастгоҳи бофандагӣ, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Суғд» ва молҳое, ки барои сохтмони заводи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Чайна 2013» дар шаҳри Ваҳдат ворид карда мешаванд, таҳия гардидааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Суғд» бо ҷалби сармояи ширкати хориҷӣ ҳамчун саҳм ба сармояи оинномавии ҷамъият тасмим гирифтааст, ки тибқи шартнома бо Ширкати «Ван- де-Вил»-и Ҷумҳурии Белгия дар соли ҷорӣ як адад дастгоҳи бофандагиро ворид намояд.
Як адад дастгоҳе, ки соли 2014 ворид карда мешавад, 956500 евро (6 357 400 сомонӣ) арзиш дошта, пардохтҳои гумрукии он ҳамагӣ 1,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда 1,2 миллион сомонӣ ва боҷи гумрукӣ 0,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ворид ва насби дастгоҳи бофандагӣ имконият медиҳад, ки сифати маҳсулот ба маротиб беҳтар гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти солона то ба 720,0 ҳазор метри мураббаъ зиёд карда шавад. Дар робита ба ин таъсис додани ҷойҳои иловагии корӣ ва дар оянда зиёд ворид гардидани маблағҳои иловагӣ ба буҷет дар назар дошта шудааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ- Чайна 2013» бошад, сохтмони заводи сементбарориро дар шаҳри Ваҳдат оғоз намудааст, ки сармоягузории лоиҳаи мазкур 30,0 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд, аз он 23,0 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ буда, 7,0 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои дохилӣ мебошанд.
Тибқи маълумотҳои пешниҳодшуда маблағи умумии маводу таҷҳизоти воридшаванда барои корхонаи сементбарорӣ 20,0 миллион доллари амрикоӣ (101,0 миллион сомонӣ)- ро ташкил намуда, пардохтҳои гумрукии он 24,2 миллион сомонӣ, аз ҷумла боҷи гумрукӣ 5,1 миллион сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 19,1 миллион сомонӣ мебошад.
Мутобиқи лоиҳаи сохтмонӣ корхонаи сементбарорӣ дар марҳилаи аввал бо иқтидори 600 ҳазор тонна ва дар марҳилаи дуюм бо иқтидори 1 миллион тонна семент дар як сол бунёд мешавад. Дар мавриди бо иқтидори пешбинишуда ба фаъолият шурӯъ намудани корхона ташкили 380 ҷойи корӣ ва воридоти андоз ба буҷет дар як сол аз 60 то 100 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Дар раванди кашидани хати об барои эҳтиёҷоти корхона обёрии бештар аз 2,0 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ низ таъмин мешавад.
Хотирнишон менамоем, ки аз пардохтҳои гумрукӣ озод намудани воридоти молҳо барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ин дастгирии молиявии давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушд ва ҳавасмандгардонии соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳишмандем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС:- Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.
Шарофиддин СИРОҶОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2014 таҳти № 2607 ва аз 3 ноябри соли 2014 таҳти № 2629 лоиҳаи қонунҳои мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буданд.
Лоиҳаи қонунҳои мазкур якҷоя карда шуда, ҳамчун лоиҳаи ягонаи қонун пешниҳод шудааст.
Пешниҳод мешавад, ки ба моддаи 15-уми қонуни мазкур қисмҳои 6 ва 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«6. Воридоти 1 адад дастгоҳи бофандагӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Суғд» аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.
7. Воридоти молҳо барои сохтмони заводи сементбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ- Чайна 2013» дар шаҳри Ваҳдат, ки номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.».
Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ва ҳашт таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 6-тоаш қабул гардида, 2-тоаш қабул нашуд.
Дар ҷаласаҳои васеи кумита 30 октябр ва 5 ноябри соли 2014 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намоядагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамаи таклифҳо дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС:- Оид ба Созишнома дар бораи махсусгардонии бисёрҷонибаи байнидавлатии истеҳсол ва таҳвили тухмии навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, кӯчату ниҳолҳои меваю буттамева ва ток сухан ба муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршоев Зеваршо дода мешавад.
Зеваршо ЗЕВАРШОЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2014 таҳти №9111 (29) бо мақсади анҷом додани расмиёти дохилидавлатӣ, бо назардошти хулосаи вазорату идораҳои манфиатдор (вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, молия, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома дар бораи махсусгардонии бисёрҷонибаи байнидавлатии истеҳсол ва таҳвили тухмии навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, кӯчату ниҳолҳои меваю буттамева ва ток»-ро таҳия намуда, ба шумо барои баррасӣ пешниҳод намудааст. Созишномаи мазкур 31 майи соли 2013 дар шаҳри Минск дар таҳрири нав, аз ҷониби як қатор давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Федератсияи Россия, Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Украина ва Қирғизистон) қабул шудааст. Бори нахуст ин Созишнома 9 октябри соли 1992 дар шаҳри Бишкек қабул гардида буд.
Айни замон истеҳсоли тухмии ватанӣ талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-ро таъмин карда наметавонад. Алалхусус тухмии хушсифати репродуксияи баланд (супер-элита, элита, репродуксияҳои якум ва дуюм) аз хориҷи кишвар, асосан аз Федератсияи Россия ворид карда мешавад.
Дар давоми солҳои 2006-2013 аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон барои таъмини талаботи кишоварзон ҳамагӣ ба миқдори 2501 тонна картошкаи тухмӣ ва 1954 тонна гандуми тухмии репродуксияҳои баланд ворид карда шудааст.
Навъҳои гандуми тухмии элитаи «Краснодар – 99», «Ласточка», «Батко», «Дельта», «Крассар» ва ғайра, ки аз Институти илмию тадқиқотии шаҳри Краснодари Федератсияи Россия ворид карда шудаанд, дар шароити хоку ҳавои Тоҷикистон ҳосили дилхоҳ дода истодаанд. Ин буд, ки кишоварзони тоҷик истеҳсоли ғалладонагиҳоро ба зиёда аз як миллион тонна расониданд.
Деҳқонони тоҷик дар солҳои минбаъда низ ба воридоти тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ аз Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои иштирокчиёни Созишномаи мазкур ниёз доранд. Бо мақсади таъмини талаботи кишоварзон бо тухмии хушсифат ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани соҳаи селексия-тухмипарварӣ ва рушди минбаъдаи он ҳамкориро дар доираи Созишномаи мазкур мустаҳкам намудан ба мақсад мувофиқ аст.
Ҳамоҳангсозии фаъолияти якҷояи вазорату идораҳои аграрӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо маълумоти фаврӣ оид ба тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ, пешниҳодҳо нисбати такмил додани системаҳои навъсанҷӣ, сертификатсия, тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ, даровардани тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба амалигардонидани Созишномаи мазкур алоқаманданд, чунин шароитро фароҳам меоранд.
Тибқи моддаи 6 Созишномаи мазкур таҳвили навъҳои тухмӣ ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, маводҳои шинондашавандаи мева, буттамева ва ток барои навъсанҷии байнидавлатӣ, тадқиқотҳои иштирокчиёни Созишномаи мазкур дар асоси ройгон амалӣ карда мешавад.
Мувофиқи моддаи 8 дар доираи Созишномаи мазкур аз даромаду (баромади) таҳвили тухмии навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, маводҳои шинондашавандаи мева, буттамева ва ток, ки дар асоси ҳуҷҷатҳо аз тарафи Шӯро тасдиқ карда мешаванд, боҷи содиротию воридотии гумрукӣ ситонида намешавад.
Яъне, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол бо ворид намудани ин гуна маводҳо аз Федератсияи Россия ва давлатҳои дигари иштирокчиёни Созишнома боҷи воридоти гумрукӣ намесупоранд, ки ин ба манфиати соҳаи тухмипарварӣ ва дар маҷмӯъ буҷети давлат аст. Тухмии аз давлатҳои иштирокчиёни Созишнома воридгардида дар хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ миқдоран зиёд карда мешавад ва дар 3-4 соли оянда аз кишти он ҳосили баланд мегиранд.
Созишномаи мазкур ба муҳлати номуайян баста мешавад. Ҳар кадоме аз тарафҳо ҳуқуқ дорад аз Созишномаи мазкур барояд.
Созишномаи мазкур дар шаҳри Минск 31майи соли 2013 дар як нусхаи асл (бо забони русӣ) имзо шудааст. Нусхаи асл дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нигоҳ дошта мешавад, ки он ба ҳар кадом давлати имзогузоштаи Созишномаи мазкур бо тасдиқи нусхааш ирсол карда мешавад.
Хароҷоти вобаста ба ташкили гузаронидани ҷаласаҳои Шӯро аз тарафи мақомоти дахлдори давлати қабулкунандаи иштирокчии Созишнома таъмин карда мешавад.
Барои фаъолияти котиботи ҳамоҳангсози байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои тухмипарварии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маблағи муқарраргардида аз ҳисоби ҳисоббаробаркунии ҳаққи аъзогии ҳамасолаи давлатҳои иштирокчиёни Созишнома таъмин карда мешавад.
Корхонаҳо, ташкилотҳо ва субъектҳои хоҷагидории давлатҳои иштирокчиёни Созишнома, вобаста аз ҳаҷми таҳвили содироти (воридоти) байнидавлатии тухмӣ, навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, маводҳои шинондашавандаи мева, буттамева ва ток, на камтар аз як фоиз ва на зиёда аз се фоизи нархи онро (тибқи шартнома) ба дирексияи Ассотсиатсияи «Семена» (шаҳри Москва) пардохт менамоянд.
Бо назардошти ин гуфтаҳо, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро қабул намоед.
РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Садриддинов Бадриддин Талбакович дода мешавад.
Бадриддин САДРИДДИНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Созишнома дар бораи махсусгардонии бисёрҷонибаи байнидавлатии истеҳсол ва таҳвили тухмии навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, кӯчату ниҳолҳои меваю буттамева ва ток, ки 31 майи соли 2013 дар шаҳри Минск ба имзо расида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, манзур мегардад.
Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Созишномаи мазкур масъалаҳои ҳамоҳангсозии байниҳукуматиро оид ба махсусгардонии бисёрҷонибаи байнидавлатии истеҳсол ва таҳвили тухмии навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, кӯчату ниҳолҳои меваю буттамева ва ток, розигии зарурати пешбурди корҳои селексионӣ-тухмипарварӣ, ки асоси баланд гаштани ҳосилнокӣ, афзудани Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, ташкили шароити муфид барои беҳтар таъмин намудани аҳолӣ бо озуқаворӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва гирифтани манфиатҳои иқтисодӣ мебошад, дар бар мегирад.
Тибқи Созишнома таҳвили тухмии навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, маводҳои шинондашаванда- мева, буттамева ва ток барои корҳои навъсозии байналмилалӣ, тадқиқотҳои селексионӣ ва кишти намоишӣ ба тариқи ройгон таъмин карда шуда, дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи Шӯро аз он боҷи содироту воридотии гумрукӣ ситонида намешавад.
Чунин муқаррарот, пеш аз ҳама, ба манфиати рушди соҳаи кишоварзии мамлакат мебошад, зеро имрӯз истеҳсолоти ҷумҳурӣ талаботи кишоварзонро бо тухмии хуби ватанӣ пурра таъмин карда наметавонад. Тухмии аз давлатҳои иштирокчиёни Созишнома воридгардида дар хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ миқдоран зиёд карда, кишоварзон бо тухмии сифати баланд таъмин карда мешаванд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин 30 октябр дар ҷаласаи худ ва 3 ноябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Созишнома дар бораи махсусгардонии бисёрҷонибаи байнидавлатии истеҳсол ва таҳвили тухмии навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, кӯчату ниҳолҳои меваю буттамева ва токро ба баррасии Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш дорад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС:- Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шариф дода мешавад.
Шариф РАҲИМЗОДА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот», бо дарназардошти шартҳои нави Қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид 1540 (соли 2004), Созишнома оид ба тартиби ягонаи назорати содиротии давлатҳои аъзои ЕврАзЭС (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2004 таҳти №240) ва бо истифода аз таҷрибаи қонунгузории дигар давлатҳо таҳия гардида, аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баррасӣ пешниҳод шудааст.
Дар раванди баррасии лоиҳаи қонун дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуну мундариҷаи он саҳеҳтар гардид.
Қонуни мазкур принсипҳои татбиқи сиёсати давлатӣ ва асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатии ҷумҳурӣ, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар бораи назорати содирот вобаста ба молҳо, ашёи хом, иттилоот, кору хизматрасонӣ, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (ҳуқуқ ба онҳо), технологияҳо, таъминоти барномавӣ ва молҳое, ки ҳангоми сохтани силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он, дигар намудҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ё содир намудани амалҳои террористӣ истифода мегарданд, муқаррар менамояд.
Мақсади асосии лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ҳифзи манфиат ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани талаботи шартномаҳои байналмилалӣ ва уҳдадориҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом, воситаҳои таҳвили он, назорати содироти маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ ва дуҳадафа, инчунин фароҳам овардани шароит барои ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад.
Қабули қонуни мазкур барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки амалиёти содирот вобаста ба молҳо, ашёи хом, иттилоот, кору хизматрасонӣ, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, технологияҳо, таъминоти барномавӣ ва молҳое, ки ҳангоми истеҳсоли силоҳи қатли ом ва таҳвили дигар намудҳои аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ истифода мешаванд, заминаи меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам меоварад.
Бо дарназардошти муҳимияти қонуни мазкур дар ҳифзи манфиат ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани талаботи шартномаҳои байналмилалӣ ва уҳдадориҳои эътирофнамудаи он, инчунин фароҳам овардани шароит барои ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, аз шумо, муҳтарам вакилони халқ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо тарафдорӣ намоед.
РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Иномов Абдузафар дода мешавад.
Абдузафар ИНОМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» пешниҳод мешавад. Лоиҳаи қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2014 таҳти №2536 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ҳифзи манфиат ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ гардонидани қонунгузории амалкунандаи кишвар бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи назорати содирот, амалӣ намудани уҳдадориҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он, назорати содироти маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ ва дуҳадафа, инчунин бо назардошти талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва Иттиҳоди гумрукӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Ба кумитаи масъул доир ба такмил додани лоиҳаи қонуни мазкур аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 таклиф пешниҳод гардид. Илова бар ин, ҷиҳати мукаммал намудани лоиҳаи қонуни номбурда аз ҷониби муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.А. Ғафорова ва аъзои кумитаи масъул 24 таклифу пешниҳод манзур гардид, ки дар маҷмӯъ онҳо ба инобат гирифта, 43 таклиф қабул ва ду пешниҳод қисман қабул шуда, шаш пешниҳоди дигар қабул нагардид.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 22 октябри соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва сардори Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода, бо назардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа, ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» ҷонибдорӣ карда шавад.
Ҳамзамон эродҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров оид ба лоиҳаи қонуни мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон иброз шуда буданд, бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқа ва ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҳакимов Мироҷиддин Дӯстмуродович дода мешавад.
Мироҷиддин ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Фарҳанг ҳамчун арзиши моддию маънавие, ки инсоният онро офарида, бо мақсади рушди маънавии шахс истифода менамояд, яке аз бахшҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор рафта, дар ҳаёту фаъолияти тамоми табақаҳои иҷтимоӣ нақши муассир дорад. Танҳо ба воситаи нигоҳдорӣ, ҳифз, таблиғу тарғиби сарватҳои таърихию фарҳангии халқи худ мо метавонем дар хусуси таърихи ниёгонамон ҳарф зада, ба ин васила барои афзудани эътибори кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ, таҳкими эҳсоси ватандорӣ ва худшиносии миллӣ дар байни шаҳрвандон мусоидат намоем.
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 40) сарватҳои фарҳангӣ ва маънавӣ таҳти ҳимояи давлат қарор дода шуда, ба ҳар як шахс ҳуқуқи озодона ширкат намудан дар ҳаёти фарҳангӣ ва истифода аз дастовардҳои он кафолат дода мешавад. Амалӣ намудани ин тадбирҳо танҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» имконпазир аст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ», ки ба муҳокимаи шумо пешниҳод мешавад, мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим ва М.Ҳакимов бо мақсади аз байн бурдани номувофиқатӣ ва мухолифати байни меъёрҳои қонуни амалкунанда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутобиқати дохилии меъёрҳои қонуни мазкур, такмил ва таҳрири забону баёни он таҳия ва пешниҳод шудааст.
Зикр кардан ҷоиз аст, ки аз қабули қонуни амалкунанда 13 сол сипарӣ гардида, дар ин давра ба он танҳо як маротиба — соли 2008 тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шудааст, ки он дигаргуниҳои куллӣ дар ҷомеа ва сиёсати ҳуқуқӣ баамаломадаро ба пуррагӣ инъикос наменамояд. Дар ин замина, дар рафти таҳияи лоиҳаи нави қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» пурра мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд, ки дар натиҷа, ба 20 моддаи он ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла дар таҳрири нав ифода намудани номи қонун, 5 модда, 2 қисми моддаҳо ва 3 сархат дар назар дошта шудааст, ки онҳо масъалаҳои гуногуни ба танзимдарории ҳуқуқии таъмини ҳифз ва нигоҳдории минбаъдаи сарватҳои таърихию фарҳангиро дар бар мегиранд.
Чунончӣ, бо инкишофи ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа арзишҳои наве ба вуҷуд меоянд, ки таҷдиди назар намудани ин муносибатҳоро тақозо менамоянд. Аз ин раванд ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангӣ истисно набуда, зарурияти батанзимдарории ин муносибатҳоро пеш меоранд. Дар санадҳои қонунгузории соҳаи фарҳанг объектҳо ва ашёҳои фарҳангӣ таҳти мафҳуми «сарватҳои таърихию фарҳангӣ» тафсир шуда бошанд ҳам, дар қонуни мазкур он ба номи «сарватҳои фарҳангӣ» ифода карда шуда, аз он ашёҳои таърихӣ берун мондаанд. Дар ин замина, номи қонун дар таҳрири нав, яъне «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» ифода шуда, дар матни қонун мафҳуми «сарватҳои фарҳангӣ» ба мафҳуми «сарватҳои таърихию фарҳангӣ» иваз карда шудаанд.
Ё ин ки дар қонуни амалкунанда меъёрҳои мушаххас вобаста ба мақсади қонун, кафолатҳои ҳифз ва нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва чораҳои оид ба баргардонидани ин сарватҳо пешбинӣ гардида бошанд ҳам, механизми амалӣ намудан ва тартиби он ба таври возеҳ пешбинӣ нашудааст. Ин ҳолат боиси он мегардад, ки меъёрҳои ҳуқуқии ба ин масъалаҳо бахшидашуда воқеан амал накарда, ҳамчун меъёрҳои даъваткунанда боқӣ мемонанд. Бо мақсади аз байн бурдани ин фазои холӣ моддаҳои 1, 2, 13, 14 ва 19-уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шуда, батанзимдарории масъалаҳои зикршуда ба доираи ҳуқуқӣ ворид, мухолифати меъёрҳо бартараф ва дар маҷмӯъ қонун пурра карда шудааст.
Илова бар ин, дар моддаҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» чунин мафҳумҳо, ба монанди: «дохил гардонидашуда», «моликияти ақлӣ», «амволӣ», «Шахсони ҳуқуқие, ки дар», «Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо истифода бурда шудаанд, ки онҳо мақсади асосӣ ва мазмуни меъёрҳои қонунро ифода накарда, дар бисёр мавридҳо ин меъёрҳоро душворфаҳм менамоянд. Бо мақсади аз байн бурдани ин духӯрагии меъёрҳои қонуни амалкунанда пешниҳод мешавад, ки меъёрҳои номбурда мутаносибан ба мафҳумҳои «воридкардашуда», «моликияти зеҳнӣ», «молумулкӣ», «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар хариду», «мақомоти ваколатдори соҳаи фарҳанг» ва ғайраҳо иваз карда шаванд.
Инчунин дар лоиҳаи қонун ба як қатор моддаҳои дигари қонуни мазкур тағйиру иловаҳои дорои хусусияти имлоӣ, забонӣ ва таҳриридошта низ пешниҳод гардидаанд, ки матни моддаҳоро пурра, возеҳу равшан ва номувофиқатии онҳоро бартараф намуда, ба талаботи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ менамояд.
Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода, онро дар маҷмӯъ ҷонибдорӣ ва ҷиҳати мукаммалгардонии он 46 таклифу дархост пешниҳод намуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон 8 октябри соли 2014 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар он аз 46 таклифи пешниҳодгардида 33-тоаш қабул, 12-тоаш қисман қабул шуда, 1- тои дигараш қабул нагардид. Таклифҳои қабулгардида дар мувофиқа ба субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд, ки онҳо асосан хислати имлоӣ, таҳрирӣ ва ё ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ вобаста мебошанд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.
Муҳтарам Шукурҷон Зуҳурович, дар рафти ба муҳокима омода намудани лоиҳаи қонун тамоми эродҳои шумо, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида буданд, пурра ба инобат гирифта шуда, тарзи ифодаи лоиҳаи қонун ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ карда шуд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, бо назардошти илова намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ»-ро барои муҳокима ба баррасии шумо пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои қабули он овоз диҳед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек дода мешавад.
ОРУМБЕКЗОДА Шамсиддин Шодибек: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва иштирокдорон!
Қабл аз ҳама арзи миннатдории тамоми аҳли фарҳанги кишварро ҷиҳати таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба масъалаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии кишвар арз менамоям, зеро бо ибтикори муҳтарам вакилони мардумӣ таи чанд соли охир бештар аз даҳ қонуни танзими самтҳои гуногуни фаъолияти аҳли санъату ҳунар таҳия ва қабул гардидаанд.
Воқеан вазифаи муҳими ҳар як миллати соҳибтамаддуну давлати соҳибихтиёр ҳифз, эҳё ва афзун гардонидани сарватҳои фарҳангии хеш мебошад ва мутобиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянеро дар ин самт ба субут расонида истодааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора чунин таъкид менамоянд: «Миллати тоҷик дар гузашта ва имрӯз, пеш аз ҳама, бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Маҳз ҳамин фарҳанги воло дар ҳама давру замон миллати моро аз парокандашавӣ эмин нигоҳ дошта, дар тамаддуни халқи мо ҳамчун омили муҳими ояндасоз хизмат намудааст». Ин суханон ҳақиқати бебаҳсанд ва аҳли санъату ҳунари кишвар хеле миннатпазир аст, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар соҳаи фарҳанг мавқеи муҳим дошта, ҷиҳати пешрафти соҳа ва беҳдошти рӯзгори онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Инчунин барои афзун гардонидани сарватҳои фарҳангӣ, эҳё ва барқарору ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати бофарҳангу тамаддунсози тоҷик Ҳукумати ҷумҳурӣ чораҳои мушаххас андешида истодааст.
Он ҳақиқати бебаҳсро ҳатто рақибони сиёсиву мафкуравиамон ҳам инкор карда наметавонанд, ки миллати тоҷик аз зумраи он миллатҳои ангуштшуморест, ки на танҳо дар ғанигардонии хазинаи сарватҳои миллӣ, балки дар афзунгардонии тамаддуну сарватҳои умумибашарӣ нақши шоиста дорад.
Биноан, ҳимояи ин сарватҳои нодир ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудану чеҳраи воқеии миллати мантиқиамонро тавассути ин боигарии бебаҳо намоиш додан яке аз вазифаҳои муҳими рӯз аст. Барои амалӣ гардонидани ин вазифаи муҳим маҳз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» мусоидат менамояд. Бояд иқрор кард, ки то қабул гардидани қонуни мазкур дар кори содиру ворид кардани сарватҳои фарҳангӣ тартибу низоми муайяне ҷорӣ набуд ва қабул кардани қонуни мазкур зарурати таърихист. Бахусус дар давраҳои бенизомиҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ба хазинаи фарҳангии кишвар зарари хеле калон расида, бисёр сарватҳои фарҳангӣ нобуд гардиданд ё аз ҳудуди ҷумҳурӣ бароварда шуданд. Бинобар ин, бо ибтикори вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 таҳия ва қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» иқдоми хеле нек ва саривақтӣ буд. Ин ҳуҷҷат шароит фароҳам овард, ки масъалаҳои вобаста ба гардиши сарватҳои фарҳангӣ ба танзим дароварда шавад. Аз ин ҷост, ки ҳар сол экспертизаи таърихӣ ва фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки татбиқгари асосии ин қонун мебошад, бештар аз 200 экспертиза бо фарогирии ҳазорҳо сарватҳои фарҳангӣ гузаронида, даҳҳо қонуншиканиҳоро бобати вориду содир намудани сарватҳои нодир пешгирӣ менамояд.
Соли 2008 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни номбурда тасдиқ ва мутобиқи талаботи рӯз ба он баъзе тағйирот ворид карда шуд. Вобаста ба тақозои давр ворид кардани тағйирот ба қонунҳо ногузир мегардад. Аз ин рӯ, бо истифода аз ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим ва Мироҷиддин Ҳакимов пешниҳод намудани лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» иқдоми хеле нек ва саривақтист. Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи пешниҳодшудаи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, бо қарор аз 9 сентябри соли равон хулосаро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Пешниҳод гардидааст, ки номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» ифода карда шуда, баъзе нуктаҳои он ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шавад.
Дар фарҷом мехоҳам таъкиди Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зимни вохӯрӣ бо аҳли санъату ҳунар дар маросими ифтитоҳи бинои нави Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ёдовар шавам: «Сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон низ имрӯз, пеш аз ҳама, ба ҳимояи арзишҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои гузаштагон, дарёфти умумият байни арзишҳои милливу умумибашарӣ, фароҳам овардани имконият барои омӯзиш ва тарғиби васеи онҳо, инчунин ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани дастовардҳои фарҳангие равона карда шудааст, ки тавассути онҳо моро ҳамчун миллат мешиносанд».
Муҳтарам Раис ва вакилони гиромӣ! Барои таваҷҷуҳатон арзи сипос намуда, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки бо назардошти муҳимият ва зарурат, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Вобаста ба ин масъала чӣ гуна мулоҳиза ва пешниҳод доред? Марҳамат.
Муҳиддин КАБИРӢ: — Дар лоиҳаи қонун, омадааст, ки ворид кардани маводи мундариҷааш фаҳшу бадахлоқона, ашёи дигар дар намуди сарватҳои таърихиву фарҳангӣ бо мақсади тағйир додани сохти конститутсионӣ, аз байн бурдани истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, тарғиби ҷанг, терроризм, зӯроварӣ ва нажодпарастӣ манъ аст. Дар ин ҷо шарҳ медодед, ки байни маводи мундариҷааш фаҳшу бадахлоқона ё ашёи дигари сарватҳои таърихиву фарҳангӣ бо тағйир додани сохти конститутсионӣ чӣ гуна иртибот мавҷуд аст?
Мироҷиддин ҲАКИМОВ: - Дар моддаи 14-уми лоиҳаи қонуни мазкур чунин мафҳум зикр шудааст. Мақсад аз он, пеш аз ҳама, пешгирӣ намудани ҳолатҳои ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид кардани ҳар гуна маводи таблиғотиест, ки бевосита ба тарғиби ҷанг, тамомияти арзӣ, терроризм равона шудааст. Масалан, вуруди адабиёту китобҳое, ки миёни мардум ҳар гуна тафриқа меандозанд.
Шодӣ ШАБДОЛОВ: — Сарватҳои фарҳангии мо дар солҳои сиюми асри гузашта қисман несту нобуд гардида, ба беруни кишвар бурда шуданд. Мардуми деҳот моҳият ва қимати таърихии чунин сарватҳоро надониста, бо қимати хеле ночиз фурӯхтанд.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур ислоҳи ҷиддӣ ворид шудааст, ки минбаъд пеши роҳи ба хориҷи кишвар бурдани сарватҳои таърихиву фарҳангӣ гирифта мешавад.
Аз хориҷа низ зери кӯшиши фарҳангӣ мавод ворид мешавад, ки ба фарҳанг ҳеҷ гуна иртиботе надорад. Дар мисоли порнография, ки ба фарҳангу анъанаҳои миллии мо бегона аст.
Бо қабули қонуни мазкур дар ин самт низоми муайян ҷорӣ хоҳад шуд. Лоиҳаи қонун қобили дастгирист.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Азимов Амирқул Насимович дода мешавад.
Амирқул АЗИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилон Н.Ғафорова, С.Холов, С.Амиршоева ва А.Азимов таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад.
Дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти давлат ва ҷомеа ба суботу амният ва таъмини оромиву осоиштагии мардум, тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад.
Вазъи кунунии сиёсӣ, иқтисодӣ –иҷтимоии ҷаҳони муосир ҳар як шаҳрвандро водор месозад, ки вобаста ба ин мавқеи сиёсии худро дар ин ё он кишвар аниқ муайян намояд.
Дар чорчӯбаи қонуни ҷавобгӯю муайян дақиқ ба танзим надаровардани ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон оид ба ширкат варзидани онҳо дар гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ боиси сар задани воқеаҳои мудҳишу ҷиноятҳои вазнинтарин нисбат ба инсону шаҳрванд ва ғасби ҳокимият дар баъзе кишварҳо баръало намудор гашт.
Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд дар давраи истиқлолият Конститутсияро қабул намуд, ки дар он, пеш аз ҳама, арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таҷассум гардидааст.
Дар боби дуюми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ширкат варзидани онҳо дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш ва роҳпаймоиҳои осоишта муқаррар гардидааст.
Вобаста ба ин, 23 майи соли 1998 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.
Гарчанде, бо тақозои замон, ба қонуни мазкур ду маротиба — солҳои 2011 ва 2013 тағйиру иловаҳо ворид шуда бошад ҳам, аз сабаби набудани як қатор меъёрҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятии дахлдорро танзимкунанда, субъектҳои ташаббуси қонунгузории номбурдаро водор намуд, ки баҳри бартарафсозии ин норасоиҳо лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»-ро таҳия намуда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро, ки бо баргузор намудани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд мебошанд, ба танзим медарорад. Инчунин лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида, ба таъмини амалӣ шудани ҳуқуқи дар моддаи 29 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирок намудан дар чорабиниҳои мазкур пешбинӣ намудааст, равона шудааст.
Меъёрҳои лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудаанд.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар тафовут аз қонуни амалкунанда дорои як қатор навгониҳо мебошад. Аз ҷумла дар боби 1 мафҳумҳои асосӣ пурра гардонида шуда, нуҳ мафҳуми нав, аз ҷумла мафҳумҳои «ташкили чорабинии оммавӣ», «дастури баргузор намудани чорабинии оммавӣ», «ташкилотчии чорабинии оммавӣ», «намояндагони ташкилотчии чорабинии оммавӣ», «иштирокчии чорабинии оммавӣ», «ҷои кушоди ҷамъиятӣ», «ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ», «ҷойҳои махсус мутобиқгардонидашуда» ва «намояндагони воситаҳои ахбори омма» ворид ва шарҳ дода шуда, моддаҳои 4 ва 6 вобаста ба мақсадҳои чорабинии оммавӣ ва ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳангоми баргузории ин чорабиниҳо дар таҳрири нав оварда шудаанд.
Яке аз фарқият ва ҷузъиёти бартарии лоиҳаи қонуни мазкур аз қонуни амалкунанда аз он иборат мебошад, ки кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон ба баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ ва озодона изҳор кардани андешаҳо ҳангоми баргузор намудани чунин чорабиниҳо ба таври мушаххас дар боби 2 нишон дода шудааст.
Илова бар ин, дар боби 3 тартиби ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои ташкилотчӣ ва иштирокчиёни онҳо, ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ ва тартиби баррасии он, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ ба таври саҳеҳ оварда шудааст, ки навгонӣ нисбат ба қонуни амалкунанда мебошад. Ҳамзамон боби мазкур ба масъалаҳои ташкилотчигӣ ва иштирокчиёни чорабинии оммавӣ, ҷой ва вақти баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, инчунин ҷойҳое, ки барои баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ маҳдуд ё манъ карда шудаанд, тартиби бурдани ташвиқоти пешакӣ, тарзҳои таъминоти моддию техникӣ ва оид ба қабули қарор дар бораи баргузор намудан ё манъ кардани чорабинии оммавӣ, тартиби шикоят овардан нисбат ба қарор дар бораи манъ кардани баргузор намудани чорабинии оммавӣ бахшида шудааст.
Боби 4-уми лоиҳаи қонун ҷавобгариро барои вайрон кардани муқаррароти қонуни мазкур, тартиби аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1998 «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» ва тартиби мавриди амал қарор додани қонунро пешбинӣ менамояд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида аз 4 боб ва 26 модда иборат мебошад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Вакилони гиромӣ, аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисориев Маҳмадамин Исматович дода мешавад.
Маҳмадамин ҲИСОРИЕВ: — Муҳтарам Раис, вакилони гиромиқадр ва ҳозирин!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» муносибатҳои ҷамъиятиро ҳангоми баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ ба танзим дароварда, ба таъмин ва амалӣ шудани ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баргузории чунин чорабиниҳо, ки ба таври осоишта гузаронидани онҳо шарт ва зарур аст, равона карда шудааст.
Чорабиниҳои ошкоро, осоишта ва ба ҳама дастрас дар шакли маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, пикетгузорӣ ва роҳпаймоӣ бо ташаббуси шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ тибқи аризаи пешниҳоднамудаи онҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад. Дар ариза мақсад, сана, вақт, ҷой, шакли баргузор намудани чорабиниҳо ва дигар шартҳои он пурра нишон дода мешавад.
Ташкилотчии чорабиниҳои оммавӣ шаҳрванд ё гурӯҳи шаҳрвандоне шуда метавонанд, ки ба синни 18 расидаанд. Ҳамчунин ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳуқуқ доранд ва уҳдадоранд, ки баргузории чунин чорабиниҳоро ба зиммаи худ гиранд ва онро гузаронанд. Дар навбати худ намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҷараёни баргузор намудани чунин чорабиниҳои оммавӣ бевосита иштирок ва амалҳои онҳоро мувофиқа менамояд ва намояндаҳои ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаҳое, ки чунин чорабиниҳои оммавӣ баргузор мегардад, дар раёсат ва шуъбаи корҳои дохилӣ нақшаю чораҳои лозимӣ тартиб дода, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, инчунин риояи қонуниятро дар чорабиниҳои оммавӣ таъмин менамоянд.
Ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, иттиҳодияҳои онҳо оид ба баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ тибқи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни мазкур сурат мегирад ва онҳо ҳуқуқи ихтиёран иштирок кардан дар онро доранд.
Маҷбур намудани шаҳрвандон барои иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ манъ аст ва он боиси ба ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидан мегардад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ҳуқуқ надоранд ба чорабиниҳои оммавие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни мазкур баргузор мегарданд, монеъ шаванд.
Дар баробари ин, зикр кардан бамаврид аст, ки лоиҳаи қонуни мазкур ба намояндагони ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ додааст, ки баргузор намудани чорабиниҳои оммавиро дар ҳолатҳои зерин роҳ надиҳанд:
- барои вайрон кардани тартиби ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст;
- мавҷуд будани далелҳои манъкунии баргузор намудани чунин чорабиниҳо тибқи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- аз тарафи ташкилотчии чорабинии оммавӣ иҷро накардани уҳдадориҳои дар қисми 6 моддаи 10-уми қонуни мазкур пешбинишуда ва дигар амалҳои аз тарафи ташкилотчӣ ва иштирокчиёни чорабиниҳои оммавӣ содиршуда, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст.
Ҳамчунин дар лоиҳаи қонуни мазкур оид ба тартиби боздоштан ё қатъ намудани чорабиниҳои оммавӣ намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ба ташкилотчии чорабинӣ бо асосноккунии сабабҳои боздоштан ё қатъ намудани он супориш медиҳад ва муҳлати онро муқаррар менамояд.
Дар ҳолати иҷро накардани супориш бевосита ба иштирокчиёни чорабинии оммавӣ муроҷиат намуда, барои иҷро кардани супориши такрорӣ ба онҳо муҳлат муқаррар менамояд. Ҳангоми иҷро нагардидани супориши такрорӣ дар бораи боздоштан ё қатъ намудани чорабиниҳои оммавӣ истифода бурдани қувваи ҷисмониро бо ташкилотчии чорабиниҳои оммавӣ ва иштирокчиёни он фаҳмонда медиҳад ва огоҳ мекунад, ки дар ҳолати зарурат бо истифода аз ваколатҳои хизматии ба зиммаи онҳо вогузор кардашуда, яъне истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ ва воситаҳои махсус, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, амал менамояд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба шаҳрвандон ҳуқуқи озодона иштирок намуданро дар чорабиниҳои оммавӣ пурра кафолат дода, ба онҳо имконият медиҳад, ки аз болои қарорҳо ва амалҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор, ки ҳуқуқи онҳоро ҳангоми баргузории чунин чорабиниҳо вайрон мекунанд, ба мақомоти дахлдор ё ба суд муроҷиат намоянд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, бо назардошти хулосаи пешниҳоднамуда, онро ҷонибдорӣ менамояд ва аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни баррасишавандаро дастгирӣ намоед.
РАИС: -Доир ба ин масъала чӣ таклифу пешниҳод доред? Марҳамат.
Муҳиддин КАБИРӢ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Яке аз нишонаҳои давлати демократӣ ин фароҳам будани шароит барои изҳори озодонаи андеша ва мавқеъ барои ҳар шаҳрванд, созмон ва гурӯҳҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳо мебошад. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳақро ба шаҳрвандон додааст, агарчӣ бештар аз 20 сол мешавад, ки шаҳрвандон бо далелҳои гуногун аз ин ҳаққи конститутсионии худ истифода накардаанд. Вазифаи ҳукумати мардумӣ ҳам дар он аст, ки ба шаҳрвандони хеш барои амалӣ намудани ҳаққи конститутсиониашон шароити лозимаро фароҳам сохта, кумаки бевоситаи худро барои анҷоми маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳо бирасонанд ва ташкилкунандагону иштирокчиёни ин чорабиниҳоро ҳимоят кунанд.
Аз тарафи дигар, доштани фарҳанг ва таҷрибаи баргузор кардани гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳои оммавӣ барои ҳар миллат ва кишвари муосир амри зарурӣ мебошад. Қабули қонуни мазкур заминаи ҳуқуқии ташаккул ва рушди чунин фарҳангро ба вуҷуд меорад, ба шарте ки ҳам мақомот ва ҳам шаҳрвандон, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳо меъёрҳои қонуни мазкурро пурра амалӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки мафҳуми гирдиҳамоӣ ё роҳпаймоӣ дар зеҳни аксарият ҳамчун як иқдоми эътирозӣ нақш бастааст. Ҳол он ки ин гуна чорабиниҳо метавонанд ба хотири пуштибонӣ аз ин ё он падида, рӯйдод ё амал бошанд. Эътироз ва ё пуштибонӣ аз ҳама рӯйдодҳо, амалҳо ё мавқеъҳо ҳаққи фитрӣ ва конститутсионии ҳар инсон мебошад. Таҷриба нишон додааст, ки танҳо дар кишварҳои дорои низоми диктаторӣ ё худкома мардум аз ҳаққи баргузории чунин чорабиниҳо маҳруманд. Агарчӣ, ин ҳақ дар санадҳои ҳуқуқии ин кишварҳо нишон дода шудааст, вале амалан он бо баҳонаҳои гуногун иҷро намешавад.
Дар чунин кишварҳо роҳпаймоиву гирдиҳамоӣ ё пикетҳо танҳо аз тарафи мақомот ё барои пуштибонӣ аз мақомоти давлатӣ, инчунин алайҳи шахсиятҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои алоҳида баргузор мегарданд, ки инро на истифодаи ҳуқуқи конститутсионӣ, балки сӯиистифодаи он метавон ном бурд. Дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд меъёрҳои қонун бояд барои ҳама баробар ва яксон амалӣ шаванд ва духӯрагиву интихоби иҷро гаштани меъёри қонун боиси коҳиш ё аз байн рафтани таъсири қонун дар ҷомеа мегардад.
Қонуни мазкур ҳам ҳолатҳое дорад, ки метавонад боиси духӯрагӣ дар марҳалаи иҷро гардад. Барои мисол, мафҳуми зикргардидаи «маҷлис» дар ин қонун аз мафҳуми маҷлисҳои маъмулии корхонаҳо, идораҳо, деҳаву кӯчаҳо ва шаҳрвандон барои ҳалли масоили рӯзмарра ва барномавии худ чӣ фарқ дорад, бояд барои мақомот ва шаҳрвандон равшан ва дақиқ бошад. Дар сурати ғайр ва дар ҳолати зарурӣ, ҳама гуна нишасту маҷлисро метавон зери мафҳуми дар ин қонуни махсуси гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳо ворид намуд ва монеъ гашт.
Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуда, онро қадами муҳим барои расидан ба ҳуқуқбунёдии кишвар меҳисобем.
Шодӣ ШАБДОЛОВ: — Барои авзои сиёсӣ, иҷтимоии ҷомеа қонуни мазкур хеле муҳим мебошад.
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз набудани қонуни танзимкунанда оид ба гирдиҳамоию намоишҳо ба кадом ҳолат гирифтор шудани ҷумҳурӣ ба ҳамагон маълум аст. Бо дасту маблағи хориҷиён митингу намоишҳо баргузор шуданд, ки оқибат бо хунрезӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ анҷом ёфт.
Аз ин рӯ, қабули қонун зарур дониста мешавад.
Баргузории намоишу гирдиҳамоӣ ҳуқуқи конститутсионии ҳар шаҳрванд аст ва ба он набояд монеа эҷод шавад. Аммо дар ин амал набояд хориҷиён даст дошта бошанд ва маблағи онҳо истифода гардад. Амнияти худамонро бояд бо дасти худамон таъмин намоем.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира ҒАФОРОВА: — Нисбати баромади вакил Муҳиддин Кабирӣ як нуктаро шарҳ додан мехоҳам. Дар моддаи 3-юми қонуни мазкур муқаррар шудааст, ки ин қонун дар кадом чорабинӣ ва дар кадом ҳолатҳо паҳн намегардад. Аз ҷумла ба маҷлисҳо, конференсия, гирдиҳамоиҳои коллективҳои меҳнатӣ, маҷлис, пленуму анҷуманҳо, конференсияҳои иттифоқҳои касаба, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ва низомномаҳои онҳо баргузор мешаванд, дахл надорад.
Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон Давлаталӣ Давлатзода дода мешавад.
Давлаталӣ ДАВЛАТЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони муҳтарам!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Тағоев ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Каримов ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Ҳар ду лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо (тағйирот) ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» бо мақсади мувофиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» бо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ҳамчунин ислоҳи камбудиҳои дорои хусусиятҳои техникӣ, имлоӣ ва забонӣ таҳия ва пешниҳод шудаанд.
Лоиҳаҳои қонунҳои зикршударо кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ва ҷиҳати такмили онҳо таклифҳои худро пешниҳод намудаанд.
Рӯзҳои 8 ва 21 октябри соли 2014 лоиҳаҳои қонунҳои мазкур дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ С.Шоназаров мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиёни ҷаласа таклиф намуданд, ки лоиҳаҳои қонунҳои пешниҳодшуда ҳамчун лоиҳаи ягонаи қонун барои баррасӣ пешниҳод карда шаванд.
Ҳамин тариқ, аз 31 таклифу пешниҳод 27-тоаш қабул ва 4-тоаш қисман қабул шуданд.
Лоиҳаҳои қонунҳои мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд ва аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунанд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро ҷонибдорӣ намуда, аз вакилони муҳтарам хоҳиш дорад, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.
Саттор ХОЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» пешниҳод мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мукаммалсозӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи сирри давлатӣ» таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Дар сархати сенздаҳуми моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» маҳфуми «иттилооти махфӣ», бо назардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯйи маълумоти дорои сирри давлатӣ», ки соли 2002 таҳия ва қабул гардида буд, қабул гардидааст.
Зарурияти пешниҳод кардани лоиҳаи қонуни мазкур дар он аст, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14 марти соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ»-ро қабул намуд, ки он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли равон ба имзо расид. Дар моддаҳои 13-18-уми ҳамин қонун маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ба таври пурра оварда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Номгӯйи маълумоти дорои сирри давлатӣ» аз эътибор соқит дониста шуд.
Бинобар асосҳои зикргардида лоиҳаи қонуни мазкур таҳия ва пешниҳод шудааст, ки тибқи он сархати сенздаҳуми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда мешавад:
« — иттилооти махфӣ –маълумоти дорои сирри давлатии дар моддаҳои 13-18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» пешбинигардида, ки ифшо ё гум кардани онҳо ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар мерасонад ё расонида метавонад;».
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.
Олим САЛИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саттор Холов пешниҳод ва бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2014 таҳти №2487 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
29 октябри соли 2014 лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» бо мақсади мукаммалсозӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи сирри давлатӣ» таҳия ва пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад.
Қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ