Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Суғд

№ 10.10.2024

5-уми октябри соли равон дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии идона баргузор шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, маърӯза намуда таъкид дошт, ки «забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи ҳастии хеш ҳамчун пурарзиштарин падидаи фарҳанги тоҷикон симои миллати куҳанбунёди моро ба таври шоиста муаррифӣ намудааст. Олитарин маҳсули тафаккури бузургони ҷаҳони андеша, адабиёт, илму маориф ва фарҳанги тоҷик маҳз тавассути забони тоҷикӣ то замони мо расида, ҳамчун нодиртарин ганҷинаҳои ақлонии соҳибзабонон муаррифӣ шудаанд».

Ёдовар бояд шуд, ки санаи 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, ин рӯз расман чун Рӯзи забони давлатӣ эълон ва ба феҳристи ҷашнҳои давлатию миллӣ ворид гардид.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ забони давлатӣ таҳти ҳимояи давлат қарор гирифт, баҳри рушду такомули он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам шуд.

М.МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»