МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ МУРАББИЁНИ ВАРЗИШ

№ 10.10.2024

8-уми октябри соли 2024 дар Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои баланд бардоштани дониши соҳавии мураббиёну варзишгарон дар самти психологияи варзишӣ таҳти унвони «Нақши психологияи варзишӣ дар ҳавасмандсозӣ ва идоракунии варзишгарон: роҳҳои беҳтар кардани натиҷаҳои варзишӣ» машварати омӯзишӣ оғоз шуд.

Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Дар машварати омӯзишӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки варзишгарон донишу таҷрибаашонро бо ҷалби равоншиносони хориҷӣ дар соҳаи психологияи варзишӣ ғанӣ намуда, усулҳои муосири баланд бардоштани натиҷаҳои варзиширо омӯзанд.

Барои варзишгарон дар баробари омодагии ҷисмонӣ омодагии равонӣ низ хело муҳим аст, зеро илми равоншиносӣ воситаи муассири ҳавасмандсозӣ ва идоракунии варзишгарон буда, барои ноил шудан ба натиҷаҳои беҳтар кумак мекунад.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»