Хатлон. Иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи вилоят баргузор гардид

№ 10.10.2024

ХАТ СУЛ1Дар шаҳри Бохтар Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум баргузор гардид.

Дар иҷлосия ду масъала:  «Рафти иҷрои Қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 декабри соли 2022, №376 “Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022, №533 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022 — 2027» ва рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 24 марти соли 2021, №158 “Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иҷлосияро раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оғоз бахшида, аз рӯи масъалаи якум муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода ҳисобот дод.

Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022, №533 қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 декабри соли 2022, №376 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» қабул гардида, ҷиҳати иҷро ба ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятию минтақавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шудааст. Дар ин самт нақшаи чорабиниҳои вилоят барои марҳилаи якуми солҳои 2022 — 2024 тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад, ки тибқи нақшаи амали он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар умум, сохтмони 173 иншоот пешбинӣ гардидааст.

ХАТ СУЛ2Барои сохтмону навсозии иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматӣ 8 иншоот бо маблағи 67800,0 ҳазор сомонӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 иншоот бо маблағи 28700,0 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (буҷети маҳаллӣ) 35 иншоот бо маблағи 84400,0 ҳазор сомонӣ, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ 13 иншоот бо маблағи 63200,0 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ (Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон) 94 иншоот бо маблағи 391800,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (бо ҷалби сармояи хориҷӣ) 13 иншоот бо маблағи 36900,0 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ, сохтмони 173 иншоот бо маблағи 672800,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Вобаста ба масъалаи дуюм сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Қурбоналӣ Собирзода зикр кард, ки оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 24 марти соли 2021, №158 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025″ дар вилоят ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, беҳдошти муҳити зист, кабудизоркунӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ бо истифодаи имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.

Дар фарҷом раиси маҷлиси вакилони халқи вилоят Давлаталӣ Саид оид ба ҳалли камбудиҳои ҷойдошта дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративии онҳо, саноат, энергетика, бонк, сохтмон, меъморӣ, нақлиёт, коммуникатсия, иттилоот, илм ва маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, чиниши пахта, даъвати ҳарбии наваскарон ва дигар масъалаҳои ҷойдошта суханронӣ намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

“Садои мардум”