МУРҒОБ. ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ЗИЁДАНД

№ 10.10.2024

Мургоб машхурБа ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат дар ноҳияи Мурғоб даҳҳо иншооти муҳим сохта шуда, ба симои шаҳраки Мурғоб ва деҳоти ноҳия ҳусни дигар зам намудаанд. Сохтмони шуъбаи ташхиси байторӣ, неругоҳи барқи офтобии деҳоти Аличур, бинои маъмурии кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва шуъбаи КДАМ дар ноҳия низ рӯзҳои наздик ба анҷом мерасанд.

Бар замми ин, сохтмони биноҳои маъмурии деҳоти Рангкул, Қаракул, Қизилработ, шуъбаи маорифи ноҳия то соли 2026 ба нақшаи амалии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ворид гардидааст.

Қобили зикр аст, ки давоми чанд соли охир дар ноҳия иншооти муҳими саноатӣ, аз қабили Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон», корхонаи коркарди маъдани нуқраи «Якҷилва», инчунин, бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ дар баландии 3669 метр аз сатҳи баҳр, маркази офиятбахшӣ, парваришгоҳи бабри барфӣ ва дигар иншоот бо иқдоми бевостаи Ҳукумати кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ба қавли раиси ноҳия Ҳусния Раҷабзода эътимоди сокинони ноҳия комил аст, ки минбаъд низ чунин ташаббусҳои созандаи Ҳукумати мамлакат идома ёфта, аҳли заҳмати ноҳия дар масири пешравию гулгулшукуфии диёрамон тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳанд.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»