Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Муҳаммад Боқири Қолибоф

№121 (4861) 10.10.2024

462678164_869213515363362_7204396422772502462_n10-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушду тавсеаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла робитаҳои судманди байнипарламентиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳар ду кишвар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо зарур дониста шуд. Ҳамчунин, дар вохӯрӣ доир ба ­масъалаҳои мубрами амнияту бехатарӣ дар минтақа ва ҷаҳон мубодилаи афкор сурат гирифт.

www.majmilli.tj