Ғамхорӣ дар ҳаққи нафақахӯрон
БОХТАР. (Давлати СУЛТОН, «Садои мардум») Дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳия бинои нави Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нав дуошёна буда, аз таҳхонаи барҳаво, 13 ҳуҷраи корӣ ва се ҳуҷра барои бойгонӣ иборат аст. Барои бунёди ин бино аз Буҷети давлатӣ зиёда аз 1,3 миллион сомонӣ масраф гардидааст.
Иҷрои нақшаи дурнамои пахта
ДАНҒАРА. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Пахтакорони ноҳияи Данғара тавонистанд бо меҳнати ҳалолу пурсамар ва таҷрибаи дар ин самтдоштаи худ аввалин шуда, миёни пахтакорони навоҳии минтақаи Кӯлоб аз иҷрои нақшаи дурнамо мужда расонанд. Имсол кишоварзони ноҳия дар майдони 2985 гектар кишти пунбадона гузаронида, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Онҳо ба ҷойи 5997 тонна нақшаи дурнамо 6045 тонна ашёи қиматбаҳои саноатӣ истеҳсол намуданд, ки ин баробари 100,8 фоизи нақшаи солона мебошад. Ҳосилнокии ҳар гектар 20,3 сентнериро ташкил медиҳад. Ҳоло дар майдонҳои пахтазори ноҳия ҳосил фаровон аст. Кишоварзон мақсад доранд, ки онро то пағаи охирин ҷамъ оваранд.
Кишти тирамоҳӣ вусъат меёбад
КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Ҳавои мусоиди рӯзҳои охир ба рафти маъракаи кишти тирамоҳӣ вусъати тоза бахшид. Хоҷагиҳои зироатпарвар бо нарм шудани замин суръати киштро дучанд намуданд.То имрӯз дар минтақа дар майдони 27915 гектар кишти ғаллаи тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5809 гектар зиёд аст. Кишоварзони минтақа мақсад доранд, ки имсол дар майдони 133531 гектар кишти гуногуни зироатҳои тирамоҳӣ гузаронанд. Саҳми кишоварзони ноҳияҳои Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ , Восеъ ва Кӯлоб низ дар вусъат бахшидани кишти тирамоҳӣ хеле назаррас аст.
Табъи пиронсолонро болида намуданд
ТУРСУНЗОДА.(РаҳмоналӣҲАБИБОВ, «Садои мардум») Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва маблағгузории соҳибкорони саховатманд барои дилхушии пиронсолону маъюбони Хона — интернати деҳаи Батош барномаи консертӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода бо барномаҳои рангин, қироати шеъру таронаҳо ва саҳнаи ҷолиб диққати ҳозиринро болида гардониданд. Аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Раҷабалӣ Ғуломов ва ҶДММ «Суруш» ба 230 нафар бошандагон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Тӯйи суннатии дастаҷамъонаи кӯдакон
ДУШАНБЕ. (РаҳмоналӣҲАБИБОВ, «Садои мардум») Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фароз» ва Ассотсиатсияи шикорчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯйи суннатии 24 нафар фарзандони кормандони Кумита доир гардид. Раиси Кумитаи фавқуззикр Хайрулло Ибодзода кӯдакон ва падару модарони онҳоро бо ин чорабинии хотирмони ҳаёти онҳо аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ табрику таҳният намуд.
Азнавсозии беморхонаи вилоятӣ
Хуҷанд. (Мухтори АБДУЛЛО) Бинои асосии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ, ки соли 1938 бунёд ёфтааст, пас аз таъмиру азнавсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Таъмири бино аз ҳисоби буҷети вилоятӣ бо харҷи як миллиону 200 ҳазор сомонӣ сурат гирифт. Ҳамзамон беморхона ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд. Дар беморхонаи мазкур 300 нафар кормандон ва мутахассисони соҳибтаҷриба хизмати тиббӣ мерасонанд.
Бинои нави таълимӣ
Хуҷанд. (Мухтори АБДУЛЛО) Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бинои мазкур бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, маблағҳои захиравии донишкада ва саҳмгузории ширкати «Тиниал» бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ давоми шаш моҳ, бо тарҳи зебою замонавӣ бунёд ёфт. Бинои таълимӣ аз се ошёна, синфхонаҳои барҳаво ва толори лексионӣ барои 200 нафар иборат буда, бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин гардидааст.
Роҳхат ба даври навбатии олимпиада
ВАРЗОБ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Баргузории олимпиада ва озмунҳои фаннӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба баланд гардидани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии муҳассилин мусоидат менамояд. Дар ноҳияи Варзоб бо ҷалби хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимӣ аз 14 фанни гуманитарӣ ва дақиқ олимпиадаи ноҳиявӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони синфҳои 9, 10, 11 ширкат варзиданд.
Мувофиқи шартҳои олимпиада баъди ҷамъбаст аз ҳар фанни таълимӣ се нафарӣ, ҷамъ 142 нафар хонандагон ба олимпиадаи минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Ғолибони олимпиадаи ноҳиявӣ бо туҳфаю ифтихорномаҳо сазовор гардиданд.
Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.