Ифтитоҳи ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон”

№ 14.10.2024

54060700056_6ec14a0eff_b12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” оғоз бахшиданд.

ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Ниёзбегим Абдулова таъсис ёфт.

Корхона аз рӯи самти фаъолият дар ноҳия аввалин буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 1200 тонна меваи хушк ва 500 ҳазор қуттии шартии консерваи меваю сабзавотро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти нави саноатӣ дорои 4 хати истеҳсолӣ буда, дар он 12 номгӯи маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза бо риояи стандартҳои ватанию ҷаҳонӣ бароварда мешавад.

Бо бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” 25 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла 15 зан бо кор ва маоши хуб таъмин шуда, шумораи умумии коргарон дар ояндаи наздик ба 100 нафар расонида мешавад.

Ашёи хом, яъне меваю сабзавот аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия харидорӣ шуда, дар 6 сардхона нигоҳдорӣ мешавад. Сардхонаҳо, ки дар маҷмуъ иқтидори ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулотро доранд, ба таъмини фаъолияти муназзами корхона дар ҳама фасли сол мусоидат менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро барои дар шароити кӯҳистон бунёд намудани чунин корхонаи саноатӣ намунаи ибрат гуфта, аз ҷумла иброз доштанд, ки ин тадбир метавонад ба истифодаи оқилонаи замин, гирифтани ҳосили зиёд ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат намояд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуда, ба масъулин барои зиёд намудани номгӯйи маҳсулот ва ғановати бозори истеъмолӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Сипас ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди маркази савдо ва хизматрасонӣ, ки дар шафати ҶДММ “Неъматҳои Рӯшон” сохта мешавад, муаррифӣ карда шуд.

Иншоот бо тарҳи замонавӣ бунёд шуда, дорои ошхона, маркази фурӯши армуғонҳо, меҳмонхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайян бунёд намудани иншоот ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд.