11-уми октябри соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини Раиси Шурои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Сергей Хоменко мулоқот намуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки яке аз самтҳои муҳими равобити дуҷониба таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларус мебошад.
- Муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба пайваста мусоидат мекунад. Мулоқоти сарони ҳар ду кишвар, воқеан, анъанавӣ гардида, дар доираи чорабиниҳои минтақавӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мунтазам доир мегардад. Дар рафти чорабиниҳо, дар маҷмӯъ, масъалаҳои таҳким бахшидани амният дар минтақаи ИДМ муҳокима мешаванд, ки ба раванди ҳамгироӣ дар минтақа мусоидат менамояд,- иброз дошт Раиси Маҷлиси намояндагон. — Солҳои охир равобити байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфт. Мо ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо мамлакати бародари Беларус диққати махсус медиҳем. Дар маҷмӯъ, вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Беларус раванди мунтазами вусъатёбиро дорад. Дар он ҷараёни амалисозии кӯшишҳои тарафайн ҷиҳати боз ҳам зичтар намудани ҳамкориҳои гуногунҷанба мувофиқи имконият ва ниёзҳои ҳар ду давлат ба мушоҳида мерасад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ