Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Маулен Ашимбаев

№122 (4862) 11.10.2024

v-800x44511-уми октябри соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон Маулен Ашимбаев, ки ҷиҳати иштирок дар Конференсияи байналмилалии парламентӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари мо ташриф овард, мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқис­тон дар самтҳои афзалиятнок ва ҳамзамон, робитаҳои байнипарламентӣ баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Қазоқистон аз афзалиятҳои калидии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар заминаи робитаҳои қавии дӯстии мардумон ва муколамаи мунтазами сарони давлатҳо тавсеа меёбад.

Ҷонибҳо аз рушди бемайлони ҳамкории байнипарламентии палатаҳои болоии парламентҳои Тоҷикистону Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Баррасии масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқот маҳсуб ёфта, ҷонибҳо, ҳамчунин, роҷеъ ба вазъи имрӯзаи суботи минтақа ва ҷаҳон табодули андеша карданд.

www.majmilli.tj