Рӯзҳои фарҳанги қатар баргузор мегардад

№ 11.10.2024

яктараАз 16 то 18-уми октябри соли равон дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе  баргузории Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Маросими ифтитоҳи  Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ баргузор гардида,  дар доираи он мулоқоти вазири фарҳанги Тоҷикистон бо ҳамтои  худ аз Давлати Қатар пешбинӣ шудааст.

Дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ  дар майдони 800-солагии Москваи шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумии Давлати Қатар ба маъраз гузошта мешавад. Баргузории чорабиниҳои канории  Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар шаҳри Норак низ  дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин, ҳайати расмӣ ва ҳунарии Давлати Қатар   барои аз наздик шинос шудан бо таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик ва  табиати зебои Тоҷикистон   ба  тамошои  Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Маҷмааи «Истиқлол» ва мавзеъҳои зебоманзари дараи Варзобу шаҳри Норак мераванд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»