Сарфи маблағи ҳаҷ ба корҳои хайр

№ 11.10.2024

Чанде аз сокинони деҳаҳои Ободӣ ва Себзори деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон дар назди муассисаҳои таълимӣ ошхонаҳои замонавӣ сохта ба истифода доданд.

Аз ҷумла, ошхонаи назди МТМУ №2 бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ ва ошхонаи назди МТМУ №4 низ бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ бунёд шуд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд.

Дар ин радиф бо ташаббуси аҳолии деҳаҳои Суғдиёну Ободӣ ва саҳмгузории чанд нафаре, ки барои ҳаҷ маблағ ҷамъ оварда буданд, 3,7 километр роҳи деҳоти Бунҷикат мумфарш гардид.

М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»