Китобиёт

“Умри гули лола”

№ 15.10.2024

08e5dcfb-26d5-4f1c-8101-fd8044120ea7Бо чунин ном дар нашриёти “Ношир — с” китоби навбатии рӯзноманигори варзида, собиқ корманди рӯзномаи “Садои мардум” Аъзам Мӯсоев аз чоп баромад.

Китоби мазкур аз ҳикояҳои дар солҳои гуногун эҷодкардаи муаллиф ва тарҷумаи осори адибони дигар давлатҳо, ки дар матбуоти даврӣ нашр гардидаанд, иборат мебошад.

“Умри гули лола” китоби ҳафтуми Аъзам Мӯсоев ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки Аъзам Мӯсоев аз соли 1998 то соли 2017 дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Садои мардум” дар вазифаҳои хабарнигор ва муҳаррири шуъбаи сохтори давлатӣ, қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ фаъолият карда, бо сипосномаю ифтихорнома ва унвонҳои баланди давлатӣ мушарраф гардидааст.

Нигоштаҳояш дар шакли китобҳои алоҳида бо номҳои “Дурахши нури хуршеди баҳорӣ” (Душанбе – 2013), “Вахш, эй сарчашмаи илҳоми ман” (Душанбе – 2017), “Кунун ман зиндаам, ёрон” (Бохтар – 2019) “Ҷилои Вахш” ( Душанбе – 2020), “Дастони пурсахо ва меҳрофарин” (Бохтар – 2022) ва “Эҳёи водии лабташна” ( Бохтар – 2023) чоп ва пешкаши ҳаводорони аҳли адаб гаштаанд.

 Сулаймон СУЛТОНОВ,

“Садои мардум”