«Шарикӣ ба хотири сулҳу шукуфоӣ ва эътимоди тарафайн»

№123-124 (4863-4864) 16.10.2024

_MG_2427Бо ҳамин ном 14-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Ашхободи Туркманистон ҷаласаи дуюми раисони парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ҷониби Туркманистонро бо баргузории бомуваффақияти Ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ бо номи «Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо — асоси сулҳу тараққӣ» табрик намуд.

- Боварӣ дорам, ки идомаи муколамаи мо дар доираи формати «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» минбаъд низ ба талошҳои муштарак ҷиҳати муайян намудани самтҳои ояндадори ҳамкории бисёрҷониба ва ба даст овардани натиҷаҳои амалӣ мусоидат хоҳад кард, — афзуд Маҳмадтоир Зокирзода. — Терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноят ва ҷиноятҳои фаромарзӣ ба кишварҳои мо таҳдиди ҷиддӣ доранд. Кишвари мо ин зуҳуротро дар ҳама шакл ҳамаҷониба маҳкум мекунад. Зимни суханронӣ дар иҷлосияи 79-уми Ассамблеяи СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи кунунии ҷаҳон таъкид намуданд: «Имрӯз ҷаҳон дар шароити хеле осебпазир ва душвор қарор дорад. Равандҳои зиддиятноки гео­политикӣ, авҷгирии «ҷанги сард», низоъҳои мусаллаҳона, оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатарҳо ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт. Дар ин замина, муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи байналмилалӣ барои ҳифзи амният ва субот, таъмини рушди устувор беш аз ҳарвақта зарур аст. Аён аст, ки имконияти таъмини сулҳи пойдор, ҳаёти осоиштаи инсоният ва пешрафти кишварҳо, пеш аз ҳама, дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда ба вуҷуд меояд. Мо бояд барои расидан ба ин ҳадафҳо ва хотима додан ба ҳама ҷангҳо ва низоъҳо, ноил шудан ба ҳадафҳои осоишта муттаҳид шавем. Ҳоло вақти он расидааст, ки барои тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарор кардани сулҳу субот дар сайёра чораҳои муассир андешем».

Дар робита ба ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки бо қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.

- Мо итминон дорем, ки бо ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавонем ба раванди таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар саросари ҷаҳон такони ҷиддӣ бахшем. Изҳори умед менамоям, ки қарорҳои дар ҷаласаи имрӯза қабулшуда боз як қадами муҳим дар роҳи рушди минбаъда ва таҳкими робитаҳои парлумонӣ байни кишварҳои мо хоҳад буд, — гуфт дар интиҳо Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода.