Дар ноҳияи Восеъ бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёди созандагию ободонӣ амалӣ гардида, аз ҷумла, сохтмони бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳия бомаром идома дорад.
Тавре аз шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия иттилоъ доданд, ин аввалин бинои баландошёна дар ноҳияи Восеъ мебошад.
Сохтмони бинои мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсту хештаншинос оғоз гардида, айни замон дар бинои панҷуми он корҳои бетонрезӣ идома доранд.
Дар баробари сохтмони ин иншооти муҳим, ҳамзамон, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони ду бинои нуҳошёна, як бинои ҳаштошёна ва як шашошёнаи истиқоматӣ идома дорад.
Дар 100 иншооти таъиноти гуногуни ноҳия, ки корҳои сохтмонашон идома дорад,зиёда аз 600 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Раиси ноҳияи Восеъ Ҷамшед Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз шумораи 408 иншооти ҷашнӣ дар 219 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, пурра ба истифода дода шудаанд. Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли равон бошад, 40 иншоот мавриди истифода қарор гирифт.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»