Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Роштқалъа зиёда аз 367 иншооти бахши иҷтимоию иқтисодӣ ба маблағи беш аз 96 миллиону 536 ҳазор сомонӣ бунёду навсозӣ шуданд. Маҳз, дар ин давра дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии сокинони ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Ҳоло дар ноҳия 61 иншооти таъиноташон гуногун, аз қабили бинои истиқоматии 25 — ҳуҷрадор барои хизматчиёни давлатӣ дар маркази ноҳия, бинои маъмурии ҷамоати деҳоти маркази ноҳия, муассисаи таълимии замонавӣ барои 640 ҷойи нишаст, шифохонаи марказӣ ва бемориҳои сироятӣ ва дигар иншоот сохта шуда, барои онҳо аз тарафи Ҳукумати мамлакат 468,2 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» бошад, яке аз дастовардҳои бузургтарини давраи соҳибистиқлолӣ барои сокинони ноҳия ба ҳисоб рафта, соли 2025 дар доираи истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа ҳоло роҳи маркази ноҳия то деҳаи Анҷин пурра чароғон шуда, дар шафати он 80 симчӯб барои гузаронидани сими барқ насб ва дар онҳо 160 лампаи муосир барои таъмини рушноӣ васл шудаанд, ки шабона ҳусну намои маркази ноҳияро боз ҳам зеботар менамояд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»